Хабарҳо

Сафари кории раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Ховалинг

Сафари кории раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Ховалинг

Санаи 31 декбари соли 2019 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Ховалинг сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари кориаш раиси вилояти Хатлон дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Шукнов дидан намуда, аз ҷумла як сохтмони беморхонаи рақамӣ бо тарҳи наву замонавӣ, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов сохта шудааст ифтитоҳ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони ин беморхона моҳи июли соли 2019 дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнов оғоз гардида, дар муҳлати 6 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Беморхонаи мазкур аз ду ошёна иборат аст. Мавриди зикр аст, ки ин беморхона дорои 27 кати хоб  мебошад, ки  хароҷоташ зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Беморхонаи зикршуда дар ин деҳаи дурдасти ноҳия барои беҳбуд бахшидан ба вазъи саломатии аҳолии ин деҳот бо шароитҳои хуби тиббӣ сохта шуда, баҳри амну саломатии мардум хизмат мерасонад. Дар ин беморхона барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ифтитоҳи ин беморхона сараввал раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам баромад намуда, қудуми раиси вилоятро ба ноҳияи Ховалинг, алалхусус ба ин макони зебоманзари диёр хушомадед гуфта, ташрифашонро муборак хондаанд. Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни баромадашон иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ғамхору ҳомии мардум буда, ба халқу ватан хизматрасон мебошад. Ҳамзамон Ҳакимзода Қурбон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ироа гардид оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, илмомӯзӣ, аз худ намудани ҳунарҳои ниёгон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, ободу зебо намудани кучаю маҳаллаҳо ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи фарзандон эълон намудани озмӯни “Фурӯғи субҳи доноӣ..” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” моро имкон медиҳад, ки донишу малакаи моро дучанд намояд, ҳарф зад. Ҳамзамон корҳои ободкорию созандагӣ дар кучаю маҳаллаҳо ва саҳмгӯзорӣ баҳри рушди диёру Тоҷикистони биҳиштосо ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди ватандӯстро тақозо менамояд.

Барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни миллӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон ба соҳибкорон Фатҳулло Соҳибов, Заъфар Сафаров ва Қаюм Каримов сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлон аз маркази ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнов дидан намуда, ба маҳсули занони чирадаст баҳои баланд дод. Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб, инчунин хабардор шудан аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа, аз вазъи зиндагонии пири рӯзгордида ва маъюб Ҳасан Мирзоев ва Шариф Сатторов ҷавони дар ҳолати садама маъюб гардидааст дидан намуда, ба онҳо аз наздик дидору мулоқот анҷом дод ва дар соли нави мелодӣ кӯмаки молиявии худро расонид.

Тибқи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дашти Руботи ин ҷамоат як муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакони ин деҳот ба нақша гирифта шудааст, ҳангоми дидор аз ин Ҷамоати деҳот раиси вилоят барои сохтмони он санги асос гузошт. Ин муассиса то арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар соли 2020 аз тарафи соҳибкор Фатҳулло Соҳибов бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд.

Литсей-интернати давлатии Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг аз соли 2014 дар заминаи Литсей-интернати хусусӣ таъсис ёфтааст. Айни замон дар ин Литсей 148 хонанда таҳсил намуда истодааст. Аз шумораи умумӣ 60 нафар тарбиятгирандагон аз оилаҳои камбизоат буда, дар хобгоҳ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ нигоҳубин карда мешаванд. Ба тарбиятгирандагони ин Литсей-интернат 12 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Дар ҷараёни сафари корияш раиси вилоят аз ин муассиса дидан намуда, ба шароитҳои он ошно гардид. Дар рафти боздид аз ин макони илму адаб 3 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва таълимгирандаи ин боргоҳ хатнасӯр карда шуда дар арафаи Соли нави мелодӣ либосҳои замистона тақдим карда шуд. Муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо наврасон ва толибилмони ин Литсейи-интернат дар чорабинии фарҳангии Соли навӣ иштирок намуд, ки хеле хотирмон буд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *