Хабарҳо

Исломи асил зидди амалҳои террористӣ

Исломи асил зидди амалҳои террористӣ

Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заъфии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну террористонро гирифта наметавонанд.

Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”. Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Бо назардошти таҷрибаи солҳои 1990-92 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиеро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Бинобар ин мардуми тоҷик бо роҳбарии ҳукумати кишвар низоми давлатдории дунявиро, ки таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ дарҷ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.

Барои пешгирии ин падидаи номатлуб ва пок нигоҳ доштани номи исломи асил тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд кушиш ба харҷ диҳанду сади роҳи амалҳои нопоки гуруҳҳои ифротӣ гардида оромии Ватани азизамонро халаодор созанд.

Аз њама муњим љавононро ба омўхтани илму дониш, интихоби касбу њунарњои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорї бояд ташвиќу тарѓиб намоем.

 

Раҳматулло Рабиев – Директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Ховалинг

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *