Хабарҳо

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид

Санаи 5 феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи марказии ноҳия аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир гардид, ки дар он аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 6 ҷойи кори холӣ, Шуъбаи маориф 8 ҷойи корӣ холӣ, Беморхонаи марказӣ 2 ҷойи корӣ холӣ ва Маркази саломатии ноҳия бо 3 ҷойи корӣ холӣ пешниҳоди хоҳишмандон ва корҷуёни доимӣ гардонида шуд. Ҳамчунин аз тарафи бахши хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъулин ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми сафар ба хориҷӣ кишвар иштирок намуданд. Дар ин маърака аз гӯшаву канори ноҳия хоҳишмандону корҷӯён омада, барои дарёфти ҷойи кори муносиб ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карда, худро номнавис намуданд.

Инчунин ба диққати корҷуёну касбомӯзон мерасонад, ки аз тарафи Агнетии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия курсҳои бозомӯзии дӯзандагӣ, барқчӣ ва чакандӯзи ташкил карда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат намуда, доир ба курсҳои зикршуда ва касбомӯзӣ маълумоти бештар гиранд.

Ализода Муҳсин.