Хабарҳо

Артиши миллӣ-мактаби бузурги мардонагист

Артиши миллӣ-мактаби бузурги мардонагист

Чӣ тавре, ки ҳамагон огоҳем Ҷумҳурии азаизи мо-Тоҷикистони биҳиштосос баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳиби дастоварди бузурги дигар-Артиши миллӣ гардид. Яъне соли 1993 дар кишвари мо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва имрӯзҳо дар ҳайати ин Артиши бузург Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ ташкил ёфта, фаъолият менамоянд. Артиши миллӣ барои ҳифз намудани ҳукумати конститутсионии кишвар саҳми арзанда дорад.

Дар ёд дорем, ки баъди гузаштани паради аввалини ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши тозабунёд ба хотири идома додани анъанаҳои даврони гузашта 23 феврал ба таври расмӣ Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз қабули ин санаи таърихӣ 27 сол сипарӣ гашт ва имрӯз ҳам мо чун солҳои қаблӣ ин санаи муҳими таърихиро дар якҷоягӣ дар ҳавои сулҳу осоиштагӣ таҷлил менамоем.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиамон имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ бо тамоми шароитҳо таъмин буда, барои хизмати шоиста баҳри иҷрои тамоми вазифаҳои хизматӣ омода мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтару хубтар гардонидани шароитҳои моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорӣ менамояд.

Вазъи имрӯзаи ҳарбию сиёсии ҷаҳони муосир водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва таъмини сулҳӯ суббот дар кишварамон доимо омода бошем. Ҳамчунин ҳар як фарди Ватандӯсту меҳанпараст, аз ҷумла ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар саркашӣ накарда ба хизмати Модар-Ватан оомода бошанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ насозанд. Имрӯзҳо хушбахтона дар ноҳияи мо ҳастанд ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри ҳифзи марзу бум ва Ватани азизамон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд, ки аз чунин ҷавонмардон мо ифтихор менамоем.

Мақсади асосӣ аз таҳкими Артиши миллӣ баланд бардоштани қобилияти ҷангӣ бо назардошти воқеъияти замони муосир, афзудани хатарҳои рузафзуни терроризми байналхалқӣ ва экстремизми сиёсӣ мебошад. Дар охир ба мардуми кишвар сулҳу осоиштагӣ ва осудагии рӯзгорро таманно намуда, аз ҷавонони ин диёр даъват ба амал меорам, ки дар адо намудани қарзи ватандорӣ, яъне хизмат ба Ватан саҳлангорӣ насохта ин мактаби бузурги мардонагиро сарбаландона хатм намоянд.

Ҷамшед Талбаков,

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия.