Хабарҳо

Ҷавонони шоистаи корзор

Ҷавонони шоистаи корзор

Миллати тоҷик дар баробари бостониву фарҳангӣ будан, инчунин миллати бо ору номӯс ва тимсоли барҷастаи ватанпарастӣ мебошад, ки инро аз далелҳои таърих ошкоро мушоҳида кардан мумкин аст. Тоҷикон аз қадимулайём дар дифои марзу бум ва хоки аҷдодии хеш он қадар ҷоннисориҳо кардаанд, ки назирашро инсоният ёд надорад. Хушбахтона, ҳамин анъанаҳои ватанпарастиву арҷгузорӣ ба хоки муқаддаси ниёгон то замони мо пойбарҷо боқӣ монда, бо фаро расидани Истиқлолият ҳисси милливу хештаншиносии ҷавонон хеле афзудааст. Хизмат ба Ватан, ҳимояи сулҳу суббот, таъмини якпорчагиву дахлнопазирии ҳудудҳои Тоҷикистони шукуфон албатта вазифаи  муҳим ва аввалиндараҷаи  ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаби мардонагиву шуҷоат, ҷавонон на танҳо усулҳои муҳофизати дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоли худро, балки таҳаммулпазириву ватандӯстӣ, арзишҳои милливу ахлоқӣ ва бартар аз инҳо меъёрҳои мушаххаси одобу рафтори ҷавонмардонаро аз худ мекунанд.

Ҳамасола, дар мавсими даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шоҳиди он мегардем, ки чӣ гуна ҷавонони ватандӯстӣ мо бо майлу ихтиёри худ ба Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегарданд ва нақшаи даъвати аскарии навоҳӣ пеш аз мӯҳлат иҷро мегардад. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ташвиқу таблиғи ғояҳои ҳарбию ватанпарастӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида, шароити хизмат дар ҷузъу томҳои артиш ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шудааст. Мушкилоти сару либос ва хӯроки серғизо барои сарбозон аллакай паси сар шудааст ва барои хизмати ҳамаҷонибаи сарбозону афсарон, тамоми тадбирҳо андешида шудаанд. Бо назардошти он, ки Артиши миллӣ-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди даврони Истиқлолият мебошад, маҳз дар ҳамин давра ташаккул ёфтаву бо як сипоҳи қодир ба ҳимояи марзу буми аҷдодӣ табдил ёфт, он зодаи даврони Истиқлолият арзёбӣ мегардад. Нафаре, ки содиқона ба халқу ватани худ хизмат мекунад, яъне бо хоҳиши худ ба сафи родмардону далерони Ватан мепайвандад, албатта яке аз рисолатҳои инсониву виҷдонии худро анҷом дода, саҳми худро дар оромиву суботи ҷомеа мегузорад. Хизмат ба Ватан қарз, вазифаи муқаддас ва тақозои имону виҷдони ҳар як шаҳрванди синнӣ хизмати ҳарбӣ ба шумор меравад. То ҳол нафареро надидаву нашунидем, ки аз хизмати ҳарбӣ изҳори пушаймонӣ карда бошад. Баръакс, яке ронандаву дигаре ҳуҷҷатгузорӣ, яке ҷавонмардиву таҳаммулпазирӣ, дигаре касбу ҳунареро дар рафти хизмат аз худ намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар тамоми қисмҳои  ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ камераҳои назоратӣ насб шуда, илова бар ин рақамҳои телефонии ниҳодҳои лозима дар деворҳо овезон карда шудааст, то ягон бадрафторие, ки нисбати ягон сарбоз сурат гирад, дар ҳол омилҳои он ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бинобар ин волидони ҷавононро мебояд, ки бо сари баланд фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ ҳидоят кунанд ва хушбахтона чунин волидон кам нестанд. Онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд ё мегурезанд, аллакай як қисмати бузурги ҷавонмардии худро аз даст медиҳанд. Чунин нафарон дар оянда чи гуна даъвии ватанпарастиву мардонагӣ мекунанд? Агар ҷавонон аз хизмати Ватан-модар сарпечӣ кунанд, аз душвориҳои он тарсанд оё ҳуқуқи маънавии худро ҷавонмард гуфтан доранд?…

Тавассути барномаҳои хабарию ватанпарастӣ, ки дар шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода мешаванд, дидан мумкин аст, ки чӣ гуна волидони сарбозон ҳар вақте, ки хоҳанд, ба дидорбинии фарзандони худ мераванд, ҳар ҳафта маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил карда мешавад, чеҳраҳои шоду пурифтихори сарбозон аз шароити баланди хизматии онҳо шаҳодат медиҳад.

Бо оғози мавсими нави ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба ҳар як сарбози ҷавонмарду ватандӯст дар хизмати мардонагияшон бурдбориҳову муваффақият орзу намуда, аз номи Фирдавсии бузург дар васфашон мегӯем:

Нигаҳ кун ба ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Мавлуда Назарова