Хабарҳо

Иқдоми наку дар ноҳия

Иқдоми наку дар ноҳия

Бо фаро расидани фасли баҳор дар саросари ноҳияи хушманзараи Ховалинг корҳои ободонию бунёдкори бо маром идома дорад.

Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия шинонидани дарахтони сояафкану ороиши аз тарафи кормандону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз ин иқдоми наку дар боғи фарҳангии ноҳия бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ гардида, дарахтони ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар дастрас шудаанд, шинонида шуда ба ҳусни боғ таровати дучанд бахшид.