Хабарҳо

ФУТБОЛ: Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон оғоз гардид

ФУТБОЛ: Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста иштирок доранд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло — дастаи  футболи  «Зебонисо»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ байни  ин дастаҳо  бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии  дастаи  «Хатлон»-и Бохтар   бо ҳисоби 1:0  анҷом ёфт. Дар ин  сабқати ҷолиб голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад ба нишон расонид.

Ҳамчунин  дастаҳои футболи «Зебо»-и Дӯстӣ  бар  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Барқ»-и Норак  бар дастаи  «Равшан»- и  Кӯлоб  бо ҳисоби  якхелаи  1:0  ғолиб омаданд.

Дар даври аввал футболбоздухтарони  дастаи  «Чашма»-и Шаҳритус  дастаи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхиро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. Дастаи  «Бешкент»-и Носири Хусрав  ба дарвозаи «Ҳосилот»-и ноҳияи  Фархор  2 голи беҷавоб зад.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дар ду марҳила баргузор шуда, дастаҳо дар хона ва меҳмонӣ рақобат мекунанд. Ҳамаи дастаҳо 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни  бонувон бе иштироки тамошобинон дар  варзишгоҳҳои мамлакат гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо карда, ҳаловат баранд.

Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон
Натиҷаҳои даври аввал
«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1
«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1
«Равшан» – «Барқ» – 0:1

Ёдовар  мешавем, ки  12 ноябри соли 2019  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардида буд. Дар он  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати соли гузашта маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт. Дар он  рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардиданд.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими соли гузашта дастаҳои футболи  «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуда буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта  дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи футболи  «Хатлон» дониста шуданд. Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.