Хабарҳо

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии сироятёбӣ ба пандемияи COVID-19 ҳамоиш баргузор гардид

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии сироятёбӣ ба пандемияи COVID-19 ҳамоиш баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25.04.2020./АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирӣ намудани паҳншавии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, махсусан пандемияи  COVID-19, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҳамоиш оид ба роҳҳои пешгирии сироятёбӣ ва чораҳои зиддиэпидемологӣ сухан рафт.

Зикр шуд, ки ҳарчанд сирояти пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале пайваста риоя намудани гигиенаи шахсӣ, эҳтиёт намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат нарафтан ба маконҳои серодам аз шартҳои асосии солимӣ ва мубтало нашудан ба он мебошад.

Коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифтааст. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.

Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис ёфта,  фаъол мебошанд.

16 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карда, дар ин робита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 роҳандозӣ намудааст, ки он ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад.  Сокинони мамлакат  метавонанд дар ҳолати  мушоҳидаи  нишонаҳои нахустини вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.