Хабарҳо

«85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас  суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва […]

Хабарҳо

Табибон ҷисму ҷони одамизод

Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро  вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, ки зудтар халқи сарбаланду меҳанпараст куҳанбунёд ва соҳибхиради тоҷик ин рӯзҳои сахтро паси сар намояд.

Хабарҳо

АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмииХадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки вақтҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19», ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, сару садоҳо дар байни сокинон оид ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст. Дар ҷамъомади мақсаднок оид ба ҳолати мазкур андешаронӣ сурат гирифта, мақомоти дахлдори соҳавӣ сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ намуданд. Намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ, Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва дигар ниҳодҳои марбута ба рейди муштарак баромада, ҷиҳати дақиқ намудани ҳолати воқеӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд. Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.

АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА». Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти марбута омили болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии онро баррасӣ карданд ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар нуқтаҳои савдои ҳудуди мамлакат бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмииХадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки […]

Хабарҳо

Усули «ХОНА БА ХОНА» дар ноҳияи Ховалинг

Бо ин усул дар ноҳия ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва бароҳ мондани кишти баҳорӣ ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо доир мешаванд. Имрӯзҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус пурзӯр мегарданд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси ноҳия ҳамарӯза тозаю безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои […]