Хабарҳо

Кумаки Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Ховалинг

20-уми майи соли ҷорӣ дар идомаи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 6 мошини пурбор кумаки моддї аз пойтахти мамлакат дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ноњияи Ховалинг ворид гардид.

Кумакҳо, ки аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ иборат аст, ба табибони мушфиқ, ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои ин беморӣ эҳдо мегарданд.

Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои мавриди ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои шаҳру деҳот сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешаванд.

Кумаки зикршуда табибон ва тамоми беморонро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.