Аввалан бояд қайд намоем, ки воқеан саломатии аҳоли ин боигарии давлат мебошад. Дар ҳақиқат имрӯзҳо паҳншавии ин беморӣ дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон қарор дорад. Албатта ин «вабои аср » дар Тоҷикистони азизи мо низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки бемории сироятии коронавирус нави КОВИД -19 бо роҳи қатрагӣ – ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғайра) паҳн мегардад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёби менамояд . санаи 10- уми июни соли равон як гуруҳ мутахасситсони соҳаи тибби кишвари Полша аз Муассисаҳои давлатии «Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои кудакона » боздид ба амал оварданд. Дар рафти вохури ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавирус нави КОВИД – 19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо ба ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД- 19 мебошад. Ин гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави КОВИД-19 равона карда истодаанд то ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.
Сабтҳои охирин
Душман ҳеҷ гоҳ аз душманӣ намемонад
Душман ҳеҷ гоҳ аз душманӣ намемонад Ҳоло дар ҷаҳон созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавҷуданд, ки дар ҷаласаҳои худ ба ҳизбу гурӯҳҳо, новобаста ба он, ки он чӣ гуна ҳизбу гурӯҳ аст, аз ҷумла ба ҳизбу гурӯҳхои фаъолияташон мамнуъ минбари сухан медиҳанд. Чунин ҳолат соли гузашта дар ҷаласаи солонаи САҲА ба мушоҳида расида буд. Охири […]
Дастовардҳои замони Истиқлолият
Истиқлолият моҳияти озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти комили сиёси даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориамон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун […]
ВАРШАВА. ОБСЕ. 18.09.2019. Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода
Зариф Ализода, раиси ҳайати ҳукуматии ҶТ дар ҷаласаи САҲА (ш.Варшава, 16-26.09.2019с.) Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тољикистон як ќатор таѓйиротњо ба системаи интихоботї ворид карда шуд. Аз љумла баъзе пешнињодњо амалї карда шуданд. Дар Тољикистон ќонуни алоњида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботї коркард ва ќабул гардид. Салоњияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба […]