Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ- асоси устувории давлат.

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Барои мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати кӯҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳҳои заррин навишта шудааст. Дар ин рӯзи мубораку саид паз аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳким меёбад. Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамояд, ки “ мо бояд кӯшиш намоем, ки амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондӯстӣ, ҷавонмврдӣ, саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кумаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез кунем, накӯкориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рӯзгори  босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанг миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем”. Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу  суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту  хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии ватани азизамонро парешон намояд. Мо итминони комил дорем, ки пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо ташҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошад.

 

 

Раҳматуллоева М.