Хабарҳо

Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ дастгирии мардум ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ.

Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ айни ҳол Лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”-ро амалӣ намуда истодааст. Лоиҳа бо мақсади дастгирии Барномаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо он мамлакат дар солҳои охир фаъолона кор мебарад, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи барои гузориш ба тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ, яъне ба пурқувватгардонии лаёқатҳои насли нави соҳибкорони хусусӣ оиди иштирок дар фаъолиятҳои тиҷоратӣ дар бахши агробизнес ва пайдо кардани дастрасӣ ба бозорҳо нигаронида шудааст. Тавассути маблағгузории иловагӣ аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ба Лоиҳа зерлоиҳаи 4-ум ворид карда шуд, ки он ба хизматрасониҳо оиди гузаронидани омӯзишҳои соҳибкоӣ барои корхонаҳои хурду миёна  ва соҳибкороне, ки акнун ба фаъолият оғоз мекунанд, бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона карда шудааст. Дар доираи амаликунии зерлоиҳа чунин фаъолиятҳо дар назар дошта шудаанд:

  1. Маблағгузории ҳиссагӣ: қарзҳо ва грант (то 50%) бо асъори миллӣ;
  2. Кӯмак дар таъсири фаъолияти соҳибкорӣ;
  3. Кӯмак барои таҳияи бизнес-нақша;
  4. Кӯмак барои маблағгузорӣ;
  5. Омӯзиши соҳибкорӣ ва хизматрасониҳои рушди соҳибкорӣ;
  6. Мусоидат ба рушди соҳибкории дастгирӣ ёфта, дар соли якуми фаъолият.

Баҳрагирандагони лоиҳа: Истиқоматкунандагони деҳаҳо, асосан занҳо, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки омодагии худро барои рушди соҳибкорӣ дар маҳал нишон дода метавонанд. Дар доираи зерлоиҳа чунин фаъолиятҳо маблағгузорӣ карда мешаванд:

  1. Биноҳои хурд барои ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маводҳои озуқа;
  2. Истеҳсоли печҳои гарминигоҳдоранда ва сӯзишвориҳои алтернативӣ;
  3. Занбӯрпарварӣ ва коркарди асал;
  4. Моҳипарварӣ;
  5. Парвариши намудҳои генетехникии арзишманддар соҳаи кишоварзӣ;
  6. Беҳдошти чарогоҳ ва истеҳсоли хӯрокиҳои хушсифати чорво;
  7. Ҳунарҳои анъанавӣ ва дуредгарӣ;
  8. Заргарии анъанавӣ ва кулолгарӣ;
  9. Рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал;
  10. Ташкили корҳои оҳангарӣ дар самти кишоварзӣ;
  11. Манбаъҳои алтернативии энергия барои фаъолияти иқтисодӣ;
  12. Парвариши зироатҳои бисёрсола (буттамева, чормағз ва боғҳо);
  13. Зироаткории органикӣ;
  14. Парвариши гулҳо;
  15. Паррандапарварӣ;
  16. Хизматрасониҳои хурд аз қабили мағоза, қаҳвахона, таъмири автомобил, сартарошхона, таъмири пояфзол, хизматрасониҳои бойторӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ, технологияи иттилоотӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасониҳои тарҷумонӣ ва машваратӣ дар сатҳи маҳал.