Мавҷудоти ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти мардуми он вобаста аст. Агар миллат худогоҳу худшинос аст, пас пояҳои давлати миллӣ устуворанду истиқлоли давлати осебнопазир ва ё баракс агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод мекунад. Ин аст, ки таблиғи ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ асоси мафкуравии давлатҳои миллист, ки ҳадафи он шакл додани ҳувияти миллии ҳама қишрҳои ҷомеа мебошад. Ин ё он андеша ҳамон вақт неруву тавон дорад, ки агар фарогиру пурвусъат буда, миллионҳо нафар ҷонибдору муътақид дошта бошад. Ба ин хотир, ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаҳои ташвиқу таблиғ диққати аввалиндараҷа медиҳад, бо ҳам дар набард мешаванд, зеро танҳо ба ин васила метавон сафи муътақидонро афзуд ва мафкураҳои бегонаро заиф сохт. Давлати соҳибистиқлоли мо аз ин раванд истисно нест. Бисту нуҳ сол инҷониб, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳу ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намудаанд: “Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад”. Яке аз чунин иқдомҳои ҳувиятсози Пешвои муаззами миллат, эълон намудани соли 2006 – чун соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ мебошад. Ва басо ба маврид аст, ки партави ҷашни бошукӯҳи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо 15-умин солгарди бузургдошти тамаддуни ориёиро низ истиқбол хоҳем кард.
Сабтҳои охирин
Ифротиён ҳамеша бар зидди миллату давлатанд
Ифротиён – зидди миллату давлат Саркардагон, аъзоён ва думравони ташкилоти террорисӣ экстремистии собиқ ҲНИ мазҳаб, миллат, давлат ва ватани худро ба ивази маблағу сарват фурӯхтанд. Саркардагони ҳозираи ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар соли 90-ум бо дастрасии молиявии хоҷагон барои азхудкунии таълимоти мазҳабии Шиа ба Ҷумҳурии Арабии Яман фиристода мешавад ва таъсири худро дар таълимгоҳҳои […]
Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти […]
МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ!!!
МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ!!! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст». Дар ибтидои асри ХХI инсоният […]