Хабарҳо

Хоинон ҳамеша зери таънаву маломатанд, аз ҷумла Кабирӣ.

Кабирӣ ҳамеша  мекушад то худро шахси миллатпарвару ватандӯст нишон диҳад, вале танҳо дар сухан. Дар амал ӯ, ки аз худ рӯҳони асил метарошад садоқаташро ба дин низ пайи пояи шахсияш мувоффиқ мегардонад. Бади расидан ба роҳбарии собиқ ҲНИ нахустин коре, ки анҷом дод дур кардани роҳбарону фаъолону  собиқадорони ноҳзат аз дастраси ба моёти ҳизб ҷамъоварии  маблағҳо аз хоҷагони хориҷӣ ва интиқоли онҳо ба Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти ҳизбиро ба афзоли хонаводагӣ табдил дод. Дар замоне, ки кишварро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд Кабирӣ бо хешу наздиконаш берун аз Тоҷикистон қарор дошт. Наздикону пайвандонаш низ зиёне надидаанд. Бо маблағҳои хоҷагонаш дар хориҷ ба кайфу сафо машғул буд. Хоини миллат шарм надошта имрӯз садо баланд карда худро дар нохунак “Ҳомии миллату халқ” нишон медиҳад. Ошкор шудани моликияти ӯ собит сохт, ки номбурда бо шиорҳо аз боби адолати иҷтимоию дастгирии бечорагон танҳо суханбозӣ мекунад.Ӯ бозори Саховати шаҳри Турсунзодаро дар ҷое бунёд намуд, ки қаблан майдони варзишии бачагона будааст, яъне раиси собиқ ҲНИ бо ин амали судхӯронааш садҳо наврасу ҷавонро аз рушду такомули ҷисмонӣ боз доштааст. Ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 ӯ бинои сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятро, ки барои 500 ҷой пешбини шуда буд бо 10-гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сари Киштии ноҳияи Рӯдакӣ буд, бо маблағи ночиз харидори намуда тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлигӣ бо нархи гарон барои  дигарон фурӯхтааст. Ин амали қалобона аз ҷониби мақомоти Судӣ ошкор карда шуд ва ашхоси дастдошта ба ҷавогарӣ кашида шудаст.  Аъзоёни ташкилотҳои  террористӣ  экстремистии собиқ ҲНИ, ки дар Аврупо, ва дигар шаҳру давлатҳои дуру наздик, ки амалҳои беадолатонаи худро пеш мебурданд бо ҳар гуна роҳҳо  шахсони сабукфикру мардуми бечораро доми фитнаю найранги худ  ва зери фишор қарор медоданд.

Бахши кор бо занон ва оила:  Мирзоева Д.