Хабарҳо

Фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ аз нигоҳи ҳамдеҳагонаш.

Муҳиддин Кабириро ҳамдеҳагонаш ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда мепиндоштанд.  Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва қудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онҳоро мардум дида ба ҳайрат меафтоданд ва фикр мекарданд, ки ин фарзанди деҳқони оддӣ дар як муддати кӯтоҳ чӣ гуна сарватманд шудааст. Зеро ҳамдеҳагони ӯ низ гумон доштанд, ки мо мардуми оддӣ будем ва оддӣ мондаем. Солҳои охир пеш аз фирор кардани Муҳиддин Кабирӣ ва наздикону пайвандони эшон сармоя ва дову дастгоҳи ӯро дида ба ҳайрат меафтоданд. Харид намудани замини боғу роғ ва кишоварзӣ, фермаи чорводорӣ, техникаву дастгоҳҳои як хоҷагӣ, корхонаи асфалтбарорӣ, мошинҳои боҳашамат, биноҳои истиқоматӣ, ширкати сохтмони барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва ба фаъолияти соҳибкорӣ ном набаровардааст, кори осон нест. Муҳиддин Кабирӣ бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боақлтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас  мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни бо ном ҲНИ аммо дар асл ташкилоти террористии ҲНИ ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро бо хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм  Кабирӣ ҳамаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш кардаанд, ки Тоҷикистони гул гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ин гуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.