Хабарҳо

Мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан,  шукри суботу оромӣ кардан ва ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад. Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани  терроризму экстремизм ва ифротгароӣ  ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак  ҳамкориҳоро тақвият бубахшанд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.  Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.