Ҳар як шахси солимфикр ба хусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ин нангу номуси Ватандустиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш сар карда то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номус на ба роҳи зӯриву зорӣ балки худихтиёрона бо сари баланд ва ҳуввияти милливу хештаншиносӣ барои хизмати ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани азизи зуд, дарси ҳурмату эҳтироми валидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилят нишон додан бар зиддӣ душманони Ватнро меомӯзанд. Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик аст, ки имрӯзҳо даъват ба хизмати ҳарбиро сад фоиз иҷро намудаанд. Аз даврони пеш нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ буд, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд нахустсаволи хонадони арӯс ин чунин буд. Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?. Чун дар оила фарзандро бо ахлқи ҳамида хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан нигоҳ доштани сирри давлат аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс буда хизмат ба ватан ин хизмат ба модар аст. Аз ин хотир мо ҷавонони далеру ҷасур бовраии комил доранд, ки онҳо сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат бананд.
Сабтҳои охирин
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст
COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст Имрӯзҳо дар саросари ноҳия тибқи амри раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар корхонаю ташкиллотҳо, муассисаҳои таълимӣ, љамоту маҳаллаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз љумла COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба сокинон […]
Наврӯз иди ниёгон
Наврӯз иди ниёгон Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро, Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро. Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм, Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ […]
Абдулло Раҳнамо: Ҳизби наҳзати исломӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ кайҳо аз байн рафтааст
Абдулло Раҳнамо: Ҳизби наҳзати исломӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ кайҳо аз байн рафтааст