Хабарҳо

Шахсе Ватану миллати худро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ ба он санги маломат намезанад.

Мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистони азизи мо дар натиҷаи ривоҷи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар асоси сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то руӯ ободу зебо, барои сокинони мамлакат ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум сол то сол беҳтару хубтар мегардад. Вале шудманону хоинони давлату миллат ҳамаи инро нодида гирифта, сӯи Ватан ҷое, ки онҳоро хӯронидаю пӯшонида ба камол расонидааст, санги маломат мезананд. Оне, ки Ватану миллати худро дӯст медорад, дар чи шароити душворе зиндагӣ накунад, ҳеҷ гоҳ ба он санги маломат намезанад.

Мисоли ин гуфтаҳо дар симои фирориёни давлат Эрон бараъло мушоҳида намоем.вақте дар Эрон инқилоби исломӣ ғалаба намуд, бештар аз як миллион нафар эрониёни  гуреза гардида, ҳоло дар Лос- Анҷелеси Амрико зиндаги менамоянд. То ҳол чунин нашудааст, ки як нафари онҳо бар зидди ватани аҷдодӣ ва миллати худ сухани бадхоҳонае гуфта бошад. Зеро онҳо дар ҳақиқат дӯстдории  ватани  худ  ва миллати худанд.

Роҳбарони ташкилоти террористӣ – экстремистии собиқ ҲНИ бошад, баракс бо тамоми ҳастӣ мекушанд, ки Тоҷикистон ва мардуми онро дар арсаи олам бадном намоянд. Наҳзатиҳои фирорӣ дур аз Ватан ба ёди Ватан нестанд. Ҳар як дигаргунии дар кишвар ба амал омадаро дарднок ба худ қабул мекунанд. Аз ғаму дард мушкилие, ки ба сари мардум меояд курта – курта гушт мегиранд, шоду хурсанд мешаванд. Аз расман сабт шудани бемории КОВИД– 19 дар мамлакат табли шодӣ заданд. Ба ҷои дилбардорӣ ва тасаллият ба мусибатдидагон аз гиребони Роҳбари давлат ва дигар ҳукуматдорон доштанд.

Хоинони миллат бояд донанд, ки маруми кишвар сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан ҷонибдорӣ менамоянд ва барои дар амал татбиқ намудани он саҳми арзандаи худро  мегузоранд. Бинобар ҳамин онҳо ба суханҳои иғвоангезонаи хоинони миллат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, бо нафрат менигаранд.

Мардуми Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони кишвар бовар дошта, таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузоранд, ки нохалафе ҳаёти хушбахтонаи онҳоро халалдор созанд.

Саидмуҳаммадов Исфандиёр мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия.