Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст. Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд. Ӯ бештар миёни аҳолӣ гашта, бо ҳаёти халқ бохабар мешуд, арзу шикоятҳоро шунида, мушкилашонро ҳал мекард, аз ягон намуди кор рӯй наметофт. Дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддӣ аз нотарсиву қавииродагии ӯ қоил буданд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҷавонони бо ору номуси кишвар ва умуман тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳем гузошт.
Сабтҳои охирин
Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.
Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷодва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарураст». Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ […]
Наҳзатиҳо бозичаи сари дасти дигаронанд
Ҳизби наҳзати ислом ҳизбест, ки барои дигар кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон бо дасти хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ сохта шудааст ва роҳбарони он бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон, ки онҳоро бо пули калон маблағгузорӣ менамуданд ва ҳоло ҳам дасгирӣ,маблағгузорӣ карда мешаванд, амал менамуданд ва менамоянд. Саркардагони ин ҳизб хуб медонистанд, ки бо мафкураи дигарон мақсади хиёнаткоронаи […]
Ситоди назоратии назди раиси ноҳия.
Ситоди назоратии назди раиси ноҳия. Аз 09.04.2020с. н. Ховалинг. Дар ситод раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобоназаров Искандар, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Вохӯриро раиси ноҳия оғоз намуда, оиди хавфу хатари бемории сироятии коронавирус ибрози […]