Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона мебошад адолат дар ин сарзамини биҳиштосо ҳукмфармост. Новобаста аз оне, ки чӣ нисбати ифротиён бошаду чӣ нисбат ба дигарон. Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбини кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пайи хоҷагонашон бояд дарк кунанд роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд, бозгашт надорад. Яъне амалу рафторҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад. Муҳамадиқболи Садриддин низ аз зумраи он нафароне ҳаст, ки аз дури ба миллати хеш санги маломат мезанад. Ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр шахсоне ҳастанд, ки дар як давлат таваллуд шуда ба воя расидаанд ва имрӯз бо фармони хоҷагони хориҷияшон нисбати давлати худ беадолатиҳоро раво мебинанд. Онҳо ки худ гунаҳкор ҳастанд тасаввур мекунанд, ки дигарон низ ба монанди онҳоянд ва адолатро риоя намекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ зимни як мусоҳибааш гуфтааст, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҷои пуштибони аз шариати исломӣ барои анҷоми дастурҳои ҳукумат бештар миён бастааст ва бо ин далел “Рӯҳониёни мустақил ва мардуми тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода, ба умури динии миллат бипардозанд”. Шӯрои уламо як ташаккуле аст, дар хидмати ҳукумат, раиси ҷумҳур ва кумитаи амният буда, ки онҳо ҳарчи амр кунанд, маҷбуранд амалӣ намоянд. Зарурияти ташкили шӯрои уламои диниро Муҳаммадиқболии Садриддин дар он медонад, ки ҳатто таҳвин ба уламову руҳониён аз сӯи мақомоти давлатӣ ва гумоштаҳояш ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ин гуна шахсони пастинат, ки зери фишори дигар ташкилотҳои ғайри расмию хоҷагони бадсиришти хориҷӣ қарор доранд ва ба амру гуфтаҳои онҳо амал мекунанд, худ низ дар роҳи баданд ва боз мехоҳанд дигаронро ба доми худ баранд. Алакай ҳама аз рафтору кирдори ин ватанфӯрушон огоҳанд ва намехоҳанд ба мисли онҳо шаванд.
Сабтҳои охирин
Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 5 642 нафар зиёд шуда, 52 763 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 3 873 нафар ва шумораи фавтидагон 456 кас мебошад. […]
Матлаби навбатӣ ва идомаи даъвифурӯшӣ
М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст. Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем.
По инициативе Лидера нации граждане Таджикистана будут возвращены из Москвы и Дубая на Родину
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /НИАТ «Ховар»/. В эти дни, когда весь мир столкнулся с угрозами распространения коронавируса, Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон своими гуманными начинаниями и инициативами еще раз наглядно доказал, что судьба любого таджикистанца не оставляет его равнодушным.