Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кадани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.
Сабтҳои охирин
Воситаи таъсиррасон ва шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳхои ифротӣ
Воситаи таъсиррасон ва шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳхои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад, ки тавассути он созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равонии ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд ва онҳоро ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Имрӯз беш аз 100 кишвари дунё гирифтори амалу тахрибкориҳои гурӯҳҳои террористию […]
Заявление пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан
ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан сообщает, что в 11:55 часов 27 мая вопреки ранее подписанным соглашениям гражданин Кыргызстана Соат Бахтибеков, житель селения Куктош сельского джамоата Оксой открыл огонь в сторону гражданки Республики Таджикистан Муътабархонум Шароповой (Муътабархонуми Зухриддин), 1995 года рождения, жительницы махалли Кахир сельского джамоата Чоркух, работающей в семеноводческой […]