Хабарҳо

Озмуни “Иншои беҳтарин” дар Маркази ҷавонон

Оиди иҷрои амру супоришҳои сарвари давлат, ки дар паёмашон даҳаи моҳи январ баҳри тақвият бахшидани маърифатнокии аҳли ҷомеаи кишвар ироа намуда буданд, ҳафтаи сипаригардида дар Маркази ҷавонони ноҳия тибқи нақшаи кории маркази номбурда бо дастгирии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро даври дуюми озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Ҷавонон ифротгароёнро маҳкум мекунанд” ба миён гузошта шуд.

Дар озмун толибилмон – довталабон аз муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар даври мактабии озмун ғолиб дониста шуданд ширкат доштанд. Довталабонро аъзоёни ҳакамон, ки дар он намояндаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Иброҳим, муовини раиси ноҳия Аҳрорзода Гулбарг, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Файзулло Акбаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Маҳмадназар Амирсаидов ва якчанд нафар аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ шомил буданд, санҷида баҳогузори карданд. Натиҷа маълум намуд, ки дар озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Ҷавонон ифротгароёнро маҳкум мекунанд” ҷои аввал насиби муҳассили гимназияи давлатии ноҳия Гесӯи Ҷамшед гардид. Ду ҷойи дуюмро дар ин озмун хонандаи муассисаи таълимии №15 Меҳрона Ситамова ва хонандаи муассисаи таълимии №4 Парвинаи Ҷамшед соҳиб гардиданд. Дар ҷойҳои сеюм бошад Тоҳирова Ҳуснбонӯ аз гимназияи давлатӣ ва Ғайратов Сорбон аз муассисаи таълимии №1 зафарёб шуданд. Боқи 10 нафар довталаби дигар Нигораи Ҷаъмахон, Саодати Сайвалӣ (МТМУ №6), Таисаи Муродалӣ (МТМУ №4), Меҳронаи Абдулло (МТМУ №9), Барнои Раҷабалӣ (МТМУ №13), Маҳинаи Шамсулло (МТМУ №3), Ганҷинаи Маҳмадулло (МТМУ №5),  Шоҳрухи Ҷумъамурод (МТМУ №2), Абдураҳимов Тоҳир (МТМУ №23) ва Шермуҳаммади Саъдулло (Гимназия) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Боварӣ дорем, ки баргузор намудани чунин озмунҳо ва ҳавасмандгардонии ғолибону довталабон дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва рушди соҳаи маориф саҳми бузург мегузорад          

 Н. Раҳимзода