Хабарҳо

Терроризм муборизаи дастаҷаъмонаро талаб менамояд

Имрӯз аз амалҳои фоҷиабори террористию ифротгароӣ дар гӯшаҳоии гуногуни сайёра миллонҳо нафар одамон азият мекашанд.    Бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, милллонҳо нафари дигар макону манзили зисташонро тарк карда истодаанд.      Зарари иқтисодиву иҷтимоии расонидани террористон ба садҳо миллард мерасад.   Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  дар баъзе  кишварҳо ӣнерӯҳое ҳастанд, ки аз терроризму эктремизм ба сифати як хадамоти  махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ истифода мекунанд.   Шоҳиди онем, ки дар ҷаҳон раванди рақобату муборизаҳо шиддат гирифта, нишонаҳои дубора паҳн гардидани “ ҷанги сард” возеъ мушоҳида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар суханрониаш дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар мавзӯи “ Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷумла қайд намуда буд, ки:   “ Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллонҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаандва зуҳуроти ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳони табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

Мутассифона, баъзе давлатҳо дар мубориза ба ин падидаи номатлуб муносибат ва рафтори духела доранд, ки инро ҳам Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар конфронси дуюми  байналмилалии дар шаҳри Душанбе баргузоргардида қайд намуда буд:

… “муборизаи самарбахш алаҳйи  терроризму ифротгароии хушунатомез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона” – ро намепазирад .   Баракс чунин мавқнгиро боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯи  – нашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад.   Боиси ёдоварист, ки мубоиза ба ин падидаи номатлуб муборизаи дастаҷамъонаро талаб менамояд.    Моро зарур аст, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   “ террорист ватан, миллат, дину мазҳаб надорад ва он худиву бегона шуда наметавонад”, бо терроризму экстремизм дар куҷое сар боло намояд , бе амон мубориза намоем.

 

Ҳотамова Н