Хабарҳо

Мазҳакаи навбатии бешарафи номӣ Муҳаммадиқболи Садриддин

Чанде  пеш дар шабакаи интернет баромади яке  аз хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин пахш шуд, ки саропо аз туҳматҳои беасос ва рекламаи шахсии М.Садриддин буд. Баъди ворид шудан ба ин саҳифа ва мутолиаи ин гузориш шахси худогоҳу ватандӯст асабӣ мешавад ва ҳам хандааш меояд. Сабаби асабӣ шудан дар он аст, ки ин хоинон ва ватанфурӯшон умуман аз ягон пешравии Тоҷикистон ҳатто сухане ҳам нагуфтанд. Тамоми равандҳои сиёсии Тоҷикистонро саропо дуруғин ва беасос мехонанд. Ягон саъю кӯшиши ҳукуматро дар раванди демократикунонии ҷомеа намебинанд. Чуноне суханронӣ мекунанд, ки гуё Тоҷикистон дар солҳои 1930 қарор дошта бошад.

Агар ин кафангадоён ва ҳалқабаргӯшону хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ва давлатҳои «дӯсту бародар» пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро набинанд, пас онҳо кӯри маънавиянд. Магар ин инсонҳо ва хосатан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ҳатто онҳоро инсон ҳам номидан мумкин нест, дар хотир надоранд, ки бо ёрии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидои солҳои навади асри гузашта ба сари мардум ва давлат чӣ бадбахтиҳо оварда буданд? Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва азму талошҳои мардуми Тоҷикистон дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойбарҷо гардид ва шуруъ аз соли 1997 мо рушд карда истодаем. То ин замон Тоҷикистон дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, нерӯи барқ намерасид ва аз ҳама муҳим норасогии хӯрокворӣ дида мешуд. Лекин бо талошҳои ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор тарафи олам роҳ кушод. Роҳҳо ба самти Афғонистон, Чин ва Қирғизистон дар шароити бисёр мураккаби иқтисодӣ сохта шуданд ва ҷумҳуриамон аз бусбасти коммуникатсионӣ баромад. Дигар мушкилии ҷиддии мо, яъне нарасидани қувваи барқ низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Тоҷикистон ягона давлате дар Оисёи Марказӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳҳи бузурги обию барқӣ бино кард. Аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун тарҳҳои беназиранд. Мо имрӯз натанҳо худро бо нерӯи барқ таъмин мекунем, ҳамчунин онро ба давлатҳои ҳамсоя низ содирот мекунем. Дар бораи серию пурӣ ва зиёд будани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто сухан гуфтан ҳам зарур нест. Чун ҳама шоҳди пурии бозорҳо ва серии мардум ҳастем.

Агар ин ҳолат пешравӣ набошад, пас пешравӣ чӣ аст? Магар шумо хоинони миллат махсусан Муҳаммадиқболи Садриддин ин пешравиҳоро намебинед? Оё шумо қобилияти мустақилона ва холисона таҳлил кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодии давлтро надоред? Ҷавоби ин саволҳо аллакай маълум аст. Шумо ҳама пешравиҳоро мебинед ва аз бахиливу ба ҷуз санг партофтан ба тарафи мо аз хориҷ дигар коре надоред. Мо хуб медонем, ки аз кам шудани шумораи пайравону ҳаммаслаконатон ва тавба кардану ба Ватан баргаштани онҳо шумо дар ҳаросед. Аз ин сабаб ҳама фурсатро истифода карда, худро ба ҳар дар мезанед ва суханҳои беасосу бемантиқ ва дуруғро шабу руз тариқи интернет мегуед. Аммо шуморо ҳеҷ кас гӯш намекунад ва ба ҳарфҳои шумо бовар ҳам намекунанд. Шумо мисли шамъе ҳастед, ки ҳангоми сӯхта тамом шудан дар охир як рӯшноии баланд медиҳад. Мо низ умедворем, ки ин суханрониҳои бодабдаба, вале пучу бемаънии шумо, охирин баромадҳои шумо дар озодӣ аст. Чунки ҳар як ҷинояткор ҷазои худро мегирад ва шумо низ истисно нестед.

Дар маҷмуъ чун қоида ин баромади Муҳаммадиқболи Садриддин мисли дигар баромадҳояш пур аз туҳмату буҳтонҳои беасос буд ва боварии комил дорем, ки ягон фарди солимфикр низ ба ин суханҳои ӯ бовар нахоҳанд кард. Аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки ба ин суханҳои беасоси хоинон бовар накунанд ва ба онҳо диққат надиҳанд.

(бознашр аз  Д.Дилшод)