Хабарҳо

ФИРЕБУ ДАСИСАҲОИ НАҲЗАТИЁН ОШКОР ШУДА ИСТОДААСТ

Баромадҳои иғвоангезонаи хоинони миллат –  роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятпеша  ҳар як инсони ватандӯст ва қадршиносро водор менамояд, ки ба суханҳои дурӯғи хоинони миллат, ки мехоҳанд, ҳаёти осоиштаи мардумро ноором созанд, ҷавоби сазовор гардонад.

Ман аз таҳиягарони филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки аз тариқи  шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, миннатдории худро баён медорам. Тамошои филми мазкур бори дигар симои аслӣ ва манфури роҳбарони Ҳизби наҳзати исломро  ба мардум батаври возеҳ , бо далелҳои қатеъона нишон дод.Дар филм инъикос гардид, ки  хешу табор, дӯстон ва наздикони Муҳиддин Кабирӣ, ки  дар вақташ фирефтаи дасисаю дурӯғҳои  иғвоангезонаи ӯ гашта буданд,  аз рафтори худ пушаймонӣ  изҳор намуда, ба ӯ лаънат хонданд.

Ба ёд овардани он рӯзҳои мудҳиш, ки бародар дар симои бародар душмани ашадии худро медид, барои шоҳидони ҳол хеле душвор аст. Роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом бопинҳон доштани мақсади асосии худ бо суханони дурӯғ ва авофиребона тавонистанд мардумро ба минтақаҳо ҷудо намуда, дар байни онҳо тафриқа андозанд ва онҳоро душмани ҷониякдигар гардонанд. Дар он рӯзҳо тоҷик аздигар миллату халқиятҳо не , балки аз тоҷик, аз ҳаммиллати худ тарсу ҳарос дошт.

Имрӯз бо далелҳо исбот шудааст, ки ҷанги шаҳрвандии дар  Тоҷикистон  рухдода ҷангӣ таҳмилӣ буд ва онро роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом дар ивази маблағгузории хоҷагони хориҷиашон  дар амал татбиқ намуданд.    Мақсади душманони давлату миллат дигар  кардани  сохти давлатдорӣ, сохти конститутсионӣ ва ба ҷойи  он барпо намудани давлати исломӣ буд.

Дар онрӯзҳое, ки парокандашавӣ  ва аз байн рафтани давлат ҷой дошт, ба бахти миллати азияткашидаи тоҷик бо хости Худо муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон, ки аз қадамҳои нахустини  роҳбарӣ роҳи мусолиҳатомези низои байни тоҷиконро пеш гирифт, сари қудрат омад.   Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат мухолифини давлатро маҷбур сохт,  ки сари мизи гуфтушуниди сулҳу оштӣ нишинанд. Расидан ба сулҳу оштӣ роҳи тӯлонӣ буд ва онба ивази  аз ҷон гузаштанҳо, гузаштҳо и  Пешвои миллат ба даст омад. Имрӯз хоинони миллат заҳматҳои сулҳофарии Президенти мамлакатро нодида гирифта, дар сулҳи тоҷикон саҳми бештар доштани роҳбарони Ҳизби наҳзати исломро таъкид месозанд.  Ҳол он  ки мо  шоҳидони он рӯзҳои мудҳиш хуб дар ёд дорем, ки роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом музокироти сулҳро ба ҳар баҳона кашол дода, барои имзои шартномаи истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ шартҳои барояшон манфиатоварро ба миён мегузоштанд. Яке аз ин шартҳо 30 дарсади мансабҳои давлатиро соҳиб шудан, Ҳизби террористӣ –экстремистии наҳзати исломро аз нав ба қайд гирфтан буд.

Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994  то 27 июни соли 1997 давом кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифт. Он рӯзҳо барои давлати тозаистиқлои Тоҷикистон аз сулҳ дида чизи муҳитаре вуҷуд надошт . Бинобар ҳамин, чи тавре ишора гардид, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани  сулҳе, ки мардум онро дер боз интизор буд,  ба бисёр  талаби мухолифин гузашт намуд.

Маҳз бо  айби роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом ба давлати Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 10 миллиард  доллари амрикоӣ зарари молӣ расид.  Зиёда аз 150 000 одамони бегуноҳ қурбон, як миллион нафар гуреза гардида, бештар аз 30 ҳазор манзилҳои истиқоматӣсӯзонда, биноҳои фабрика, корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва идораҳои давлатӣ хароб карда шуданд.

Бояд гуфт, ки роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом имрӯз ҳам аз нияти нопоки худ  барнагаштаанд. Онҳо  дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи дарпешистодаи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзае хомӯш наистода,бо тамоми ҳастӣ мекӯшанд,  ки  ба  баргузории ин маърака халал ворид созанд. Онҳо мардумро рӯи рост ба  мубориза ба муқобили давлат даъват менамоянд.Гарчанде Кабирӣ ва думравонаш  имрӯз нисбати давлату миллат, Роҳбари давлат, Президенти мамлакат ғаразгӯӣ кунанд ҳам,  мардуми Тоҷикистон  кию чӣ будани онҳоро аз об равшантар медонанд.Медонанд,ки ҳамаи пешравиҳо  дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани  мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  саноаткунонии босуръати кишвар,  сохтумонҳои азими электроэнергетикӣ, роҳҳои ба талаботҳои байналмилалӣ сохташуда, корхонаҳои нави истеҳсолӣ,   биноҳои хуштарҳи соҳаи маориф , тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш   ба сиёсати созанда ва бунёдкорнаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт  марбут аст.

Дар сафари кории навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон моҳи августи соли ҷорӣ раиси вилоят Ёдгор Файзов дуруст қайд намуд, ки агар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, агар таҳамулгароии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд , Вилояти Куҳистони Бадахшон кайҳо  пош мехӯрд.  Ҳамин баҳоро нисбати ҷумҳурӣ ҳам додан мумкин аст. Агар   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   сари қудрат намеомад , ҳамин ҳолати пошхӯрӣ ва ба қисматҳо тақсим намудан Тоҷикистонро  ҳам  таҳдид менамуд.

Аз ҳамин рӯ, мардум Пешвои худро дӯст медоранд,    заҳматҳои ӯро дар роҳи давлатсозӣ қадр менамоянд.   Ба кадом шаҳру ноҳияе сафар нанамояд, ӯро бо гулу гулдаста пешвоз мегиранд. Мардум орзуи онро мекунанд, ки Пешвои миллат ҳамеша болои сари онҳо бошад ва барои беҳбудии зиндагии мардум амалҳои неку созандаро амалӣ созад.

Саидмаҳмудзода Исфандиёр мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг