Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМ: ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА МЕХАНИЗМИ ПЕШГИРИИ ОН

Терроризм ваҳшониятаст. Мақсади онҳо бавуҷуд овардани ваҳшату бесарусомонӣ ва бароварда сохтани ниятҳои нопоки хеш мебошад. Барои террористу экстремист чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш қайд менамояд   ватан, миллат, дину мазҳаб қадру қиммате надорад.

Шиддати  ин таҳдиди ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат  ёфтани таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм аз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар   дар мубориза ба ин вабои аср ҳисси баланди ватандӯстиро талаб менамояд.  Имрӯз вазифа аз он иборат аст, ки мо дар мубориза бо  таҳдиду дурӯғбофиҳои  аъзоёни  гурӯҳои террористӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом, ки  хориҷ аз кишвар ба давлату миллати сарбаланди тоҷик санги маломат мезананд, хомӯш наистода ба онҳо читавре мегӯянд мушт бадаҳон бизанем.

Ин гурӯҳи  лаънаткардаи  халқ  дар  арафаи  маъракаҳои муҳими сиёсӣ бисёр фаъол гардида, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки борафти он халал ворид намояд.

Имрӯз кӯшиши роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар хориҷ аз ҷумҳурӣ паноҳ мебаранд,  шаҳодати ин гуфтаҳост.  Онҳо интихоботҳои дар ҷумҳурӣ доиргардидаро ғайри демократӣ маънидод намуда,  бо ин  роҳ худро  дар назди пуштибононашон  (онҳое, ки истиқлолиятидавлати икишвари моро, пешрафту тараққиёти онро чашми дидан надоранд) муборизони роҳи озодӣ ва татбиқи демократия нишондодани мешаванд. Вале ҳамсафону ҳамтабақонашон – мубалиғи ҳамин ҳизб Айёмиддин Сатторов,  “генерали мардумӣ” Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарҳо дар бораи Кабирии даҳрӯя ва думравонаш дигар чизро – сухани ҳақро мегӯянд.  Онҳо сидқан иқрор шуданд, ки демократия, озодӣ, мазҳаб, урфу одат барои Кабирӣ ва балегӯёнаш арзише  надорад.  Нияти онҳо дигараст. Онҳо мехоҳанд, ки сохти давлатдориро дигар намуда, давлати исломӣ  барпо намояд. Барои амалӣ намудани ин мақсади нопок   аз  хоҷагони хориҷиашон маблағҳои калон бадаст меоранд ва ҳама молу сарвати то имрӯз ҷамъовардаашон аз ҳамин ҳисобаст.  Дини ислом барои наҳзатиҳо як василаи расидан бамақсад аст. Сайид Қиёмиддини Ғозӣ иқрор гардид, ки ҷалби наҳзатиён ба мазҳаби шиа таърихи тӯлонӣ дошта, аз оғози фаъолияташон сар мешавад.

Ҳаминро бояд дар хотир дошта бошем, ки душман ҳеҷгоҳ ором наменишинад. Роҳбарони ҲНИ мисли мори захмдоранд. Онҳо бо ин ё он роҳ заҳр задани мешаванд.

Аз ин рӯ,   мо бояд ҳамеша ҳушёр ва омодаи мубориза ба амалҳои террористӣ бошем. Танҳо бо ҳушёрии сиёсӣ ва омодагии доимӣ дар мубориза ба терроризму экстремизм пеши роҳи онро гирифта метавонем.

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг .