Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз дар саросари ҷумҳурии азизмон яке аз санаҳои барои ҳар як фарди кишвар азизу муқаддас 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири ин рӯзи нек ва фархунда тамоми ҳамдиёрон, меҳмонон ва ҳозирини гиромиро самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумоён рӯзгори нек, бахту иқболи баланд ва хонаи ободро таманно дорам.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам ин воқеаи тахрихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Миллати тоҷик таърихи бой, фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва диёри куҳанбунёд дошта, баъди қариб ҳазор соли маҳрумият аз давлатдории мустақили хеш, боз соҳиби давлати соҳибихтиёр ва озод гардид. Истиқлолият дастоварди бузург, бебаҳо ва муҳимтарини миллати тоҷик, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талоши садҳо ҳазор муборизони роҳи озодии давлати тоҷикон мебошад.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷикон дар интиҳои қарни бистуми милодӣ буда, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми ҷумҳурӣ ба мушкилиҳои басо ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, озмоишҳои сахту сангин ва даҳшатнокро аз сар гузарониданд. Чи тавре ки ҳар яки мо огоҳ ҳастем гурӯҳҳои манфиатҷу ва мансабталош ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки бо маблағҳои хоҷагони хориҷиашон сари қудрат омада нақшаҳои ғаразнокашонро амалӣ созанд.
Муқовиматҳои шаҳрвандӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо шудани ҷомеа, набудани якдигарфаҳмӣ байни минтақаҳои мухталиф, даргириҳои мусаллаҳона ва буҳрони иқтисодӣ, ки зарари он зиёда аз 150 млн доллари америкоиро ташкил мекард душвориҳои зиёде ба мардум ва ҳукумати онвақта овард. Ҳангоме, ки ҷумњуриҳои ҳамсоя баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба обод намудани мамлакати худ шурӯъ намуда буданд, Ватани моро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Аз байн бурдани муқовимати байни гурӯҳҳо ва ба имзо расонидани созишномаи истиқрори сулҳ дар он давра кори саҳлу осон набуд. Вақте, ки ба роҳи тайнамудаи 33 соли соҳибистиқлолии кишвар менигарем ва равандҳои дар ин давра ба миён омадаро таҳлил менамоем, хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр пеши назар меояд. Баъд аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи собитқадамона, иродаи қавӣ, устувориву матонат, меҳру муҳаббати Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватан буд, ки дар Тоҷикистони азиятдида сулҳу ваҳдат, оромӣ ва истиқлолияти комилро барқарор намуд. Дар як муддати кутоҳ Тоҷикистони азизи моро сулҳу ваҳдат фаро гирифт. Ба ҷои гиряи модарону кӯдакон хандаю суруд, ободонию созандагиҳо оғоз гардид. Таҷрибаи сулҳофарии миллати тоҷик ва сарвари онро тамоми ҷаҳониён мавриди омӯзиш қарор дода, институтҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба омӯзиши он пайваста кушишҳо ба харҷ медоданд. Ба шарофати Истиқлолият миллати тоҷик соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва садҳо арзишҳои маънавию моддӣ гардид. Тоҷикистон узви даҳҳо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шуд ва имрӯз дар ҳалли бисёр проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз қабили мубориза ба муқоболи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳофизати сарватҳои табии, аз ҷумла оби нушокӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат менамояд. Ҳамаи ин ба боло рафтани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолият имконияти рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фароҳам омад. Фазои ором, таҳкими сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ҷумҳурии азизамон ва дар ноҳия мардум бо як нерӯи тоза ба созандагиву бунёдкорӣ камар банданд.
Мардуми шарафманди ноҳияи Ховалинг низ баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ободу зебо гардонидани ноҳия, саҳми назаррас дошта, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Барои таъмини иҷтимоиёти аҳолии ноҳия моро зарур аст, ки аз рӯи барномаву стратегияҳои давлатӣ амал намуда, дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳиссаи арзандаи худро гузорем.
Чунончӣ, Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Мову шумо ба якдигар дусту бародар, бо меҳру муҳаббат ва дастгири якдигар бошем, ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони ғаразонаи гуруҳҳои иғвоангез нашавем, барои пешрафт ва рушди мамлакати азизамон саҳмгузор бошем».
Итминон дорам, ки мардуми ноҳия аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои пешбинишуда баромада, ҷашнҳои дигари сиёсию фарҳангии дар пешистодаро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бори дигар ба ҳамаи Шумо ҷашни 33 солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, дастархони пур аз нозу неъмати идона, фаровонӣ ва файзу баракатро дар хонадони ҳамаатон таманно дорам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!