
Бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонии мавзеъҳои ҷамъиятӣ, имрӯз кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг дар шанбегии умумӣ иштирок намуда, дар тоза намудани майдони фурудгоҳи ноҳия саҳм гузоштанд.
Дар ҷараёни шанбегӣ, гирду атрофи фурудгоҳ аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза гардида, муҳит ба таври назаррас тоза ва зебо гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии сӯхтор ва баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, аз ҷониби кормандони хадамоти оташнишонии ноҳия дар гирду атрофи фурудгоҳ ба миқдори 100 килограмм ҷавгазон пошида шуд.
Ин иқдом намунаи хуби ҳамкории сохторҳои гуногун дар роҳи ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ ба шумор меравад.
