Аксҳо Тандурустӣ Хабарҳо

ВОХӮРИИ КОРМАНДИ ШӮЪБАИ АМНИЯТ БО КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ

Дар дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг вохӯрии корманди шӯъбаи амнияти ноҳияи Ховалинг Мусозода Қиёмиддин бо кормандон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи шӯъбаи амният оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии паҳншавии таълимоти ғайридинӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва тақлид ба сару либоси бегона суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди ноҳия бояд ба анъанаҳои миллию арзишҳои фарҳангии худ арҷ гузорад ва дар ҳифзи субот, амнияти ҷамъиятӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.
Мусозода Қиёмиддин ҳамчунин иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як оила ва ҷомеа мебошад.
Дар анҷом ба кормандони дастгоҳи раиси ноҳия тавсия дода шуд, ки бо масъулияти бештар барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ҳамкорӣ намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *