Аксҳо Иқтисодиёт Комиссияҳои доимӣ Хабарҳо

НАТИҶАГИРИИ САНҶИШИ МОЛИЯВӢ ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ҷаласаи натиҷагирии санҷиши молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия баргузор гардид.
Маҷлисро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг Маҳмудзода Изатулло ифтитоҳ намуда, меҳмонон Сардори шӯъбаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сафарзода Анваршо Назрӣ ва Сардори Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Тағоев Тоҷиддин Алимуродовичро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои санҷиши молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба самтҳои истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофият ва қонунмандии хароҷотҳо, инчунин роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони идораҳои андоз, молия, намояндагони бонки “Амонатбонк”, муҳосибон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Ховалинг иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳии саривақтӣ ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии давлат ба ҳисоб меравад. Дар анҷоми ҷаласа масъулин ба иштирокчиён барои фаъолияти минбаъдаи пурмасъулият ва риояи қонунгузории молиявию ҳисобдорӣ дастурҳои дахлдор доданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *