Аксҳо Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат Раиси ноҳия Раисони ҷамоатҳо

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БО РАИСОНИ ДЕҲА ВА МАҲАЛЛАҲО

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вохӯрии навбатии раиси ноҳия, муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин бо раисони деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ободонӣ, ҷуфти тирамоҳӣ, омодагӣ ба фасли сармо, ҳамчунин роҳҳои таъмини шароити мусоид барои кӯдакони синни томактабӣ тавассути бунёди муассисаҳои нав буд.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия оид ба аҳамияти хоси корҳои ободонию кабудизоркунӣ, нигоҳдории тозагии кӯчаву маҳаллаҳо ва омодагии ҷиддӣ ба фасли зимистон сухан ронда, таъкид намуданд, ки ҳар як раиси маҳалла ва деҳот бояд дар ҳудуди худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад ва корҳои зикршударо дар муҳлатҳои муайян иҷро намояд.
Ҳамзамон, муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин зикр намуданд, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳар як деҳаву маҳалла заминҳои мувофиқ ҷудо карда шаванд, то ки дар оянда муассисаҳои томактабӣ (кӯдакистонҳо) сохта шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шумораи кӯдакони фаро гирифташуда ба таълиму тарбияи томактабӣ афзуда, волидон низ шароити беҳтари иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо намоянд.
Дар ҷараёни маҷлис ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини аҳолӣ бо ангишту ҳезум, омодагии муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба мавсими сармо, инчунин татбиқи нақшаи ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон, раисони деҳаву маҳаллаҳо бо саволу пешниҳодҳои худ баромад намуда, фикру андешаҳояшонро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум иброз доштанд.
Раиси ноҳия ба ҳамаи иштирокдорон барои ҳисси баланди масъулият, фаъолияти созанда ва саҳми арзандаашон дар рушди деҳаву маҳаллаҳои ноҳия изҳори сипос намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *