Аксҳо Аҳолӣ Муовинони Раиси ноҳия Тандурустӣ Хабарҳо

АЁДАТ ВА ТАҚДИМИ АРОБАЧАҲО БА МАЪЮБОН ДАР МАРКАЗИ ТАВОНБАХШИИ “ҒУНЧА”

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар ноҳияи Ховалинг дар маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуди «Ғунча» чорабинии хайрия баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом ба чанд тан аз кӯдакони маъюб аробачаҳои махсус супорида шуда, ҳамзамон дастархони идона ороста шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сайҷалол Исматов иштирок намуда, аз шароити хизматрасонӣ дар марказ дидан карданд ва бо кӯдакон сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.
Бадурдинзода Ибодат зимни суҳбат бо масъулин ва тарбия гирандагони марказ қайд намуд, ки дастгирии иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, чунин иқдомҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *