Аксҳо Аҳолӣ Маориф Раиси ноҳия Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ АЗ РАВАНДИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Раиси ноҳияи Ховалинг, муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин бо мақсади шиносоӣ аз ҳолати зимистонгузаронӣ ва раванди захираи сӯзишворӣ, аз як қатор муассисаҳои таълимии ноҳия боздид ба амал овард.Возможно, это изображение учеба и текст
Зимни боздид масъулин оид ба сатҳи омодагии муассисаҳо ба мавсими сармо, таъмиру навсозии системаи гармидиҳӣ ва захираи маводи сӯзишворӣ гузориш доданд. Раиси ноҳия барои таҳкими тадбирҳо ҷиҳати таъмин намудани муҳити муносиб барои таълиму тарбия дар фасли зимистон дастурҳои мушаххас дод.Нет описания фото.
Инчунин таъкид гардид, ки масъулини соҳа фаъолона корҳои омодагӣ ба мавсими сарморо идома дода, бехатарӣ ва шароити мусоиди хонандагонро таъмин намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *