Имсол мардуми кишвар бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз даврони соҳибистиқлоли худ 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аъзову ҷонибдорони ҳизб, рамзи устувории давлатдорӣ, ваҳдати миллию пешрафти иҷтимоӣ мебошад.
ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун нерӯи сиёсии пешсаф, ҷонибдори сулҳу субот ва ҳомии манфиатҳои миллат дар саҳнаи сиёсати кишвар ҷойгоҳ пайдо намуд. Ҳизб таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои ҳассоси давлатдорӣ нақши муассир гузошта, ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми назаррас гузошт.
Аз оғози фаъолият то имрӯз ҲХДТ тавонистааст ҷомеаро ба гирди арзишҳои миллӣ, сулҳ, ваҳдат, худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ муттаҳид созад. Барномаҳои созандаи ҳизб дар самти беҳсозии зиндагии халқ, таъмини амният, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва рушди фарҳангӣ – маърифатии ҷомеа ба низоми ягона табдил ёфтаанд, ки натиҷаҳои он имрӯзҳо дар тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар ба чашм мерасад.
Дар тӯли ин 31 сол ҲХДТ дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолиятро барои татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби ғояҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ тақвият бахшид. Бахусус, аҳли зиё, омӯзгорон, ҷавонон ва занону духтарон ҳамчун нерӯи муҳим дар пайгирии идеяҳои созандаи ҳизб фаъолона ширкат варзида истодаанд.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки ҲХДТ на танҳо як ташкилоти сиёсии маъмулӣ, балки мактаби тарбияи кадрҳои ватандӯст, масъулиятшинос ва созанда мебошад. Натиҷаи ин сиёсати дурандешона дар тамоми гӯшаҳои кишвар бунёди иншооти муосир, беҳтаршавии шароити зиндагии мардум, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва инфрасохторҳои иҷтимоӣ мебошад.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҲХДТ дар ҷомеа ҳамчун созмони сиёсие шинохта мешавад, ки ба ваҳдату суботи миллӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пешбурди сиёсати таҳаммулгароёна барои манфиати мардум хизмат менамояд.
Ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ барои тамоми аъзову ҷонибдорони ҲХДТ барору комёбӣ, иқболи нек, руҳу нерӯи созанда ва пойдории ғояҳои ҳизбӣ таманно дорем. Бигзор таҳти роҳбарии ҳизб ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистони азиз ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушд гул-гул шукуфон бошад.