25 декабр соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг ҳамоиши бонувони ноҳияи Ховалинг таҳти унвони «Занон дар партави Паём» бо иштироки роҳбари гуруҳи корӣ оид ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Саридори бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфия Шарифзода, инчунин ходимони сиёсӣ Адолат Раҳмонова ва Хайринисо Юсуфӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонувони фаъол, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, инчунин ҷавонзанон иштирок намуда, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, андешаронӣ карданд. Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии нақш ва масъулияти занон дар татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди устувори ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию ободонӣ бахшида шуд.
Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, дар он ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, таъмини баробарии гендерӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Суханронҳо таъкид карданд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз барои бонувон имкониятҳои васеи таҳсил, фаъолияти касбӣ, соҳибкорӣ ва иштирок дар идоракунии давлатӣ фароҳам омада, онҳо дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши муассир мегузоранд. Ҳамчунин, саҳми занон дар таҳкими оила, тарбияи насли солим ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён иброз доштанд, ки минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар татбиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат фаъолона саҳм гузошта, барои пешрафти Ватани азиз Тоҷикистон талош хоҳанд варзид.