25 декабри соли 2025 дар маркази ноҳияи Ховалинг ва ҷамоатҳои деҳоти он вохӯриҳои судманд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳо раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ, инчунин фаъолон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ховалинг дар суханронии худ таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ барои рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад. Дар Паём самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои маориф, энергетика, саноат, тақвияти сиёсати иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Зикр гардид, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминаи воқеӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо ва таъмини ояндаи боз ҳам дурахшони давлату миллатро фароҳам меорад.
Муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ зимни баромади худ зикр карданд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии сиёсати давлат ва Ҳукумат буда, дар он дастовардҳои даҳсолаи охир, дурнамои рушди устувори кишвар, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, таъмини энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, афзоиши музди меҳнат, стипендия ва нафақаҳо, инчунин пешгирии терроризму экстремизм ва тарбияи дурусти ҷавонон ҳамаҷониба таҳлил шудаанд.
Инчунин қайд намуданд, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро муайян менамояд.
Номбурда зикр карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти махсус касб намуда, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона метавонад ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Ба гуфтаи ӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ вазифаи муҳимми ҷомеа маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ иброз доштанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, яке аз талаботи замони муосир буда, донистани онҳо барои омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва рақобатпазир муҳим мебошад. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд бо эҳтиром ва рушди забони давлатӣ ҳамоҳанг сурат гирад.
Дар идома вакили мардумӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон ва ҷалби онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои илмӣ-эҷодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, нақши муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро дар ошкору рушди истеъдодҳои наврасон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти тарбияи ҷавонони босавод, худогоҳ ва ватандӯст заминаи боэътимод барои рушди устувори давлат ва ҷомеа фароҳам меорад.
Дар фарҷоми вохӯриҳо иштирокчиён иброз доштанд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди минбаъдаи кишвар ва беҳбуди зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ ва раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин ба Маркази тавонбахшии рӯзонаи «Ғунча»-и ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, тарбиятгирандагони муассисаро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуданд.
Зимни боздид ба ҳар як тарбиятгирандаи марказ тӯҳфаҳои идона ва маблағҳои пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардида, ба онҳо дастурхони идона ороста шуд ва таъкид шуд, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дастгирии иҷтимоии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.