Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо эҳтирому самимияти хоса ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бостонӣ ва фарҳангии иди Сада табрик гуфта, ба хонадонатон саломатии бардавом, рӯзгори осуда, файзу баракат ва барору муваффақиятҳоро дар корҳоятон орзу менамоям.
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои қадимтарин ва пурмазмуни халқи тоҷик ва умуман мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки реша дар таърихи бостонии миллати мо дорад. Ин ҷашн дар поёни чиллаи зимистон таҷлил гардида, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардиҳо ва умед ба фардои нек маҳсуб меёбад. Сада муждарасони наздик шудани баҳор, оғози омодагӣ ба кишту кори саҳро ва истиқболи бузургтарин ҷашни миллӣ Наврӯзи оламафрӯз мебошад.
Таърихшиносон ва муҳаққиқон ҳамчунин ҷашни Садаро бо номи шоҳи одил Фаридун низ иртибот медиҳанд. Абурайҳони Берунӣ дар асарҳои худ Садаро рамзи пирӯзии адолат бар зулм, нуру рӯшноӣ бар торикӣ маънидод намуда, онро нишонаи фарорасии сулҳу осоиш дар ҷомеа медонад.
Барои деҳқонон ва кишоварзон ҷашни Сада аҳамияти махсус дошта, рамзи анҷоми сардиҳои зимистон ва оғози омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад. Пошидани хокистари гулхан ба замин ҳамчун нишонаи баракат ва ҳосили фаровон анҷом дода мешуд. Ин амал нишон медиҳад, ки Сада ҷашни меҳнат, ободкорӣ ва пайванди инсон бо табиат мебошад.
Имрӯз таҷлили ҷашни Сада дар шароити давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти басо муҳим дорад. Мо бояд ойину ҷашнҳои миллии худро ҳамчун сарвати маънавии миллат ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Дар ин раванд, татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла ҷашни Сада, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Бори дигар ҳамаи Шумо мардуми сарбаланди кишвар, махсусан кишоварзон ва аҳли меҳнатро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат, файзу баракати рӯзгор ва муваффақият дар корҳои созанда орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

