Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки фарзандони фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ нишонаи эҳтиром ба таърих ва қадршиносии фарзандони содиқи миллат мебошад.
Пешвои миллат шахсан барои истиқболи мушти хоки қаҳрамонони миллат ба фурӯдгоҳ ташриф оварда, ба рӯҳи онҳо арзи эҳтиром намуданд. Ин иқдом дар байни мардум ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро боз ҳам бештар гардонд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошанд, ки барои ташаккули давлатдории тоҷикон, ҳифзи миллат ва пешрафти фарҳангу маърифат хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Онҳо барои озодӣ ва бақои миллат ҷоннисорӣ карда, дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи хоса доранд.
Солҳои зиёд хоки ин фарзандони барӯманди миллат дур аз Ватан қарор дошт. Бо сиёсати хирадмандона ва эҳтироми амиқи миллӣ орзуи деринаи мардуми тоҷик амалӣ гардид ва хоки онҳо ба сарзамини аҷдодӣ баргардонида шуд.
Имрӯз номи ин фарзандони фарзонаи миллат ҳамчун рамзи ватандӯстӣ, садоқат ва хизмат ба миллат дар таърих сабт гардидааст. Насли ҷавон бояд аз зиндагӣ ва фаъолияти онҳо ибрат гирифта, барои рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.
Бигзор хотираи неки қаҳрамонони миллат ҳамеша зинда бошад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз ба рӯз пешрафтаву обод гардад.
Ардашер ИСЛОМОВ, котиби матбуотии раиси ноҳияи Ховалинг
