Дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо- онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафас кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақашҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем. Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба мубориза задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиёи Марказӣ хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу харакатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд.Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш пеш аз ҳама ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо истифода мебаранд. Манбаи асосии истифодаи онҳо асосан муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ҳамагон медонем, ки то ҳол ба мушкилоти зиёде муҳоҷирони мо боқӣ мондаанд. Хуб надоситани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари муҳоҷирпазир ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирони корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра, аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои буду бош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвар ва даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд. Аслан ҷавонон қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа мебошанд. Аз ҷониби дигар, аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд. Метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо назардошти ҳамин шароит талош мекарданд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддиашон ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди инсониро барои худ ва дигарон эҷод намуда, аслан ояндаи хешро сиёҳ месозанд. Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатҳои бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳаргуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намояд. Ба ҳар коре, ки нияти даст задан доранд аввал аз калонсолон, бахуссус падару модарони хеш маслиҳат гиранд. Дар таҷриба муайян гардидааст, ки ҷавононе, ки аз падару модар ва калонсолон маслиҳат гирифтаанд ба мақсадҳои хуби зиндаги расидаанд ва ҷавононе, ки баракс кор кардаанд аз кардаи худ пушаймонанд. Бинобар ин эҳтиёт бояд кард, ки гуруҳҳои тероризм ва экстремизм ба мисли ботлоқи бетаг инсониятро фуру мебарад.
М. Назарова