25 декабри соли 2025 дар маркази ноҳияи Ховалинг ва ҷамоатҳои деҳоти он вохӯриҳои судманд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба […]
Экология
ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНИ ФУРУДГОҲИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 5 июли соли 2025 бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия дар минтақаи вобасташуда шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегии мазкур корҳои ободонӣ, ба мисоли тоза намудани атрофи роҳу майдони фурудгоҳ аз алафҳои хушкшуда, ҷӯю заҳбурҳо ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд.
САҲМИ СОҲИБКОРН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар арафаи таҷлили 28 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар кучаву маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Ховалинг шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар корҳои ободонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия фаъолона ширкат варзида бо истифода аз техникаҳои махсус, аз ҷумла эксковатор ва техникаи калони боркаш […]
