Новости

Ҳар кӣ ба халқи худ  душман аст, зуд шарманда хоҳад шуд …

     Ҳизби наҳзати ислом ва роҳбарони он аз ибтидои фаъолияташон бар зидди давлат ва миллат амал карда, ҷиноятҳои гӯшношунидро содир намуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба як давлати ҷангзада, ва  қашоқ табдил ёфта буд. Вале роҳбари гурезпои ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамаи мусоҳиба ва баромадҳояш як суханро тутивор такрор намуда, худ ва ҳизбашро моҳи бе айб  нишон медиҳад. Дар мусоҳибаи охиринаш ҳам чунон бо ҳарорат сухан ронд, ки  гӯё дар ҳодисаҳои дар Тоҷикистон ба сари мардум омада, (Худо дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад) даст надоранд . Фаромӯш кардааст, ки мардум ҳам чашму ҳам гӯш доранд, мебинанд, ки  кӣ ба чӣ кор машғул аст. Чи тавре мегӯянд “шоҳиди рубоҳ думаш аст”.  Онҳое, ки дар сари як мизу курсӣ ва як табақ бо раиси ҲНИ нишаста нақшаи барпо намудани давлати исломиро дар Тоҷикистон мекашиданд, аз ҷумла Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов, мулло Абдураҳим Каримов ва даҳҳо дигарон ба он иқроранд, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳизби террористӣ буд ва роҳбарони он мақсади дар Тоҷикистон ба амал овардани табаддулоти давлатиро доштанд. Ва ахиран  раиси ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ моҳи сентябри соли 2015 мехост ин орзуи деринаро ба воситаи генерали хоин , Ҳоҷи Ҳалим  Назарзода амалӣ намояд. Хушбахтона тирашон  хок хурд. Муҳидин Кабирӣ интихоботҳои дар Тоҷикистон баргузоршударо ”ахири гуногунандешӣ номида буд. Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон озодӣ, демократия вуҷуд надорад ва аввалин чизе, ки дар мусоҳибааш ӯ ба саволи агар дар сари қудрат мебудӣ, чӣ кореро анҷом медодӣ  ҷавб дод, ки ба мардум  пеш аз  иқтисодиёт, яъне зиндагии шоиста “озодӣ”  медодааст. Ту Кабирӣ ғами озодӣ ва демократияро дар Тоҷикистон нахӯр. Зеро ба ғамхӯрии ту мардум ҳоҷат надоранд. Дар Тоҷикистон мардум озод аст.  Тамоми ҳуқуқҳоро доранд. Ҳуқуқ ба таҳсил, табобат, истироҳат, интихоби касб, меҳнат, интихоб кардану интихоб шудан ва агар чунин ҳуқуқҳоро номбар кунем, чандин саҳифа мешавад, дороанд. Озодӣ ва демократия аз ин боз зиёдтар мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонад дину оини худро парастиш кунад. Дар ҳама деҳа ва дигар ҷойҳои аҳолинишин масҷидҳо амал мекунунад. Касе дар куҷое хоҳад намоз мегузорад. Ҳоҷат ба такрори ин гуфтаҳо ҳам  нест. Зеро инҳоро ту хуб медонӣ.  Медонӣ, ки Тоҷикистон рӯз то рӯз ободтар ва зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мегардад. Медонӣ, ки сокинони кишвар сиёсати пешгирифтаи  Пешвои худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   якдилона дастгирӣ менамоянд ва барои дар ҳаёт татбиқ намудани он аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода мекунанд. Агар ту медидӣ, ки соҳибкорони ватанӣ бо даъвати Пешвои миллат  барои ободии кишвар чӣ гуна корҳои созандагӣ ва бунёдкориро анҷом медиҳанд, даҳонат боз мемонд. Ду нафари ӯро, ки Президенти кишвар дар ироаи Паёмаш ёдовар шуд, барои ту мисол меорем: “Бобоҷонов Муҳиб – сокини 80 – солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш  58 километр  роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва 4 хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта,  ба масофаи 10 километр хати оби нӯшокӣ кашидааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд. Аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтумони мактаб барои 2400 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ  сохта ба истифода дода шуд.. Аз ҷониби ҳамин соҳибкор дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Барои 6200 толибилм ҷойи таҳсилу шароити сатҳи баланд муҳайё кардани як соҳибкор лоиқи таҳсину офарин аст. Медонӣ чаро соҳибкорон бо даъвати Пешвои миллат   бо ташаббус баромад мекунанд?  Зеро онҳо Ватани худ, Пешвои миллатро дӯст медоранд. Як раҳмат гуфтани Президенти мамлакат дар ин ё он ҷамъомад барои онҳо миллионҳо ва шояд аз ин ҳам зиёд арзиш дошта бошад. Пас, ба забони халқ бигӯем ҳамаи пақ –  пақҳо, яъне сафсатафурӯшиҳои туву ҳамроҳонат беҳуда аст. Ман дар охир як банди шеъри Сайидоро ба ту гӯшрас менамоям, ки аз оқибати амалҳои душманонаат ба давлату миллат андеша намоӣ,

       Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,   

    Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.  

Сайидҷалол Сатторов – собиқадори меҳнат.