Чи хеле, ки мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳи доред, имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин васила терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз зумраи онҳост. Солҳои охир ба шарофати пойдории амният, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаи Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат пайдо карда истодааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистони азизи мо аз ин хатарҳои сатҳи ҷаҳони бартараф ва ё раҳо аст. Баракси кор гуруҳҳои террористи ва экстремистӣ маҳз ба он давлатҳое таваҷуҳ доранд, ки дар онҳо раванди ободонию созандагиаш вусъат ёфта истодааст. Вагарна Муҳиддин Кабирӣ, М. Иқбол ва дигар шайтонҳо аз хориҷи кишвар ба “мисли сагон” нисбати ҳамватанони худ чунин “аккос” намезананд. Инрузҳо хатари идеологияи гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита таъсири худро расонида истодаанд. Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Тибқи маълумотҳо раванди ифротишавии аҳолӣдар Тоҷикистон гарчанде ру ба таназул ниҳода бошад ҳам ин омил яъне ифротишавӣ то ҳол аз байн нарафтааст ва ҳеҷ гоҳ намеравад. Ва асосӣ таъсиррасон ва хатарзо ба сулҳу суббот ва амнияти кишвар боқи мемонад. Навъи дигари ин ҳаракатҳо, зуҳуротҳои терроризм ва экстремизм дар намудҳои гуногун, пеш аз ҳама таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтани ҷавонону наврасон ва занон дар назди муллоҳои ифротгаро, хуроффотпараст, чаласавод ва саводи мукаммали динӣ надошта, таваҷҷуҳ пайдо намудан, майлгароӣ, зери мағзшуии шадиди идеологӣ қарор гирифтани онҳо ва дар натиҷа шомилшавии сокинон ба сафи созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, аз қабили “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Гуруҳи 24” ва ғайраҳо, иштироки онҳо дар муноқишаҳои қавмӣ-мазҳабӣ дар сафи гуруҳҳои террористӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон, мебошад. Аз тарафи сиёсатмадорон исбот шудааст, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ – сарчашмаи таблиғу ташвиқи идеологияи ифротӣ ва қадами аввалини гирифторшавии ҷавонону наврасон ба ғояҳои тахрибии ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мебошад. Бадбахтона имрузҳо ин раванд дар байни мардуми мо ҷойи махсусро дорад. Падару модарон аз гумроҳиву хурофотпарастӣ, аз нодонию беақлӣ фарзандони худро ба ҳар роҳу восита пинҳонӣ ба дасти баъзан мулою ифротгароён барои гирифтани сабақи диннӣ медиҳанд, ки ин хатои маҳз аст. Умуман гуруҳҳои тундгаро ва фоҷиаовар имруз аз ҳар як хатогии мову шумо маккорона истифода мебарад. Бинобар ин мо имрузҳо ҳуқуқи хато карданро надорем. Ҳам дар оила, ҳам дар ҷои кор, ҳам дар кучаю ҷойҳои ҷаъмиятӣ бояд ба мисли Пешвои муаззамамон доимо ҳушёру чолок бошем. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ то кадом андоза фоҷиабор будани созишкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро беш аз пеш дарк кардаанд. Далели равшан ба ин, ташкили ниҳодҳои байналмиллалии мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Чи хеле ки ҳамаи мову шумо аз сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва ватанӣ огаҳӣ дорем, санаи 14 сентябри соли 2022, Суди олии Федератсияи Россия ҳизби наҳзати исломро ташкилоти террористӣ эътироф ва эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвараш манъ кард. Федератсияи Россия эҳсос намуд, ки Ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Ҳизби Наҳзати Ислом бо истифода аз потенсиали муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ячейкаҳои алоҳида ташкил карда, на танҳо ба амнияту суботи Тоҷикистон, балки ба оромиву осудагии сокинони худи Россия низ таҳдид мекунад. Ба ин васила Ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Ҳизби Наҳзати Ислом аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фирефта кардану ба дом андохтанашон дар хориҷи кишвар нисбатан осонтар аст, дар фосила қарор гирифт ва роҳашон ба Россия баста шуд. Аз сӯи дигар, террористӣ эътироф шудани ин созмон дар ҳудуди кишвари абарқудрате ба мисли Руссия, амалан Ташкилоти экстремистӣ террористӣ Ҳизби Наҳзати Исломро ба тобуте табдил дод, ки Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинони миллати тоҷик ҳамчун мурдаҳои сиёсӣ дар он ҷойгир шудаанд. Албатта хоҷагони хориҷиашон дар Аврупо тавассути бархе созмонҳои бо ном “ҳомии ҳуқуқи башар” ва расонаҳои бо ном “озод” болои сари ин “тобут” то дер навҳа хоҳанд кашид. Тоҷикистон ба пеш!.
Related Articles
Состоялась встреча сопредседателей правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по делимитации и демаркации государственной границы
23 ноября 2024 года в городе Бустон Согдийской области Республики Таджикистан состоялась встреча сопредседателей Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы Саймумина Ятимова и Камчыбека Ташиева. Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Государственном комитете национальной безопасности Республики Таджикистан. B ходе встречи руководители Правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской […]
ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ
ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ Бузургтарин эҷодкори таърих инсон аст. Маҳз ӯ созандаи дунёи мутамаддин мебошад. Агар масъаларо ба тарзи умда баррасӣ кунем, ҳатто худи инсон тасаввуротро дар бораи қувваҳои фавқуттабиат ба вуҷуд оварда, онро ҷону руҳу тан бахшидааст. Худи одамӣ аз номи ин қувваҳо инсонро бо ҳар тариқе, бо ҳар ривояте, бо […]
Ба зухуроти номатлуб-Терроризм ва Экстремизм муковимат бояд кард.
Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки бо бақои одаму олам тахдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегуянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тули таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хело чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо […]