Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм боқи мемонад. Чи хеле, ки ҳамаи Шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳи доред, имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин васила терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯзаи таърихи башарият зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмиллалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву ҷанҷолҳои мазҳабӣ гардидаанд, ки Тоҷикистон низ истисно нест. Инрузҳо хатари идеологияи гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти кониститутсионии мамлакатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита таъсири худро расонида истодаанд. Гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Тибқи маълумотҳои мақомтҳои салоҳиятдор сатҳ ва раванди ифротишавии аҳолӣ, ин омил асосӣ таъсиррасон ва хатарзо ба сулҳу суббот ва амнияти кишварҳо, зуҳуротҳои терроризм ва экстремизм дар намудҳои гуногун, пеш аз ҳама таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтани ҷавонону наврасон ва занон дар назди муллоҳои ифротгаро, хуроффотпараст, чаласавод ва саводи мукаммали динӣ надошта, таваҷҷуҳ пайдо намудан, майлгароӣ, зери мағзшуии шадиди идеологӣ қарор гирифтани онҳо ва дар натиҷа шомилшавии сокинон ба сафи созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ, аз қабили “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Гуруҳи 24” ва ғайраҳо, иштироки онҳо дар муноқишаҳои қавмӣ-мазҳабӣ дар сафи гуруҳҳои террористӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон мебошад. Собит шудааст, ки “агар аз таърих сабақ нагирӣ, фоҷеаҳои он такрор мешавад”. Барои он, ки ҳаводиси солҳои навадуми асри гузашта такрор нашавад мо вазифадорем, ки дар сиёсати давлатии худ асли дунявиатро қотеона ҳифз кунем ва инкишоф диҳем, диндории шаҳрвандонро майлу иродаи шахсӣ ҳисобем ва аслҳои озодии эътиқодро тарафдорӣ карда, онҳоро дар амал тадбиқ намоем. Фаромуш накунем, ки «Мо аввал тоҷикем ва баъд мусулмон». Такия ба суханони мазкур хотирнишон менамоям, ки халқи араб, давалти ШАС (Шоигарии Арабистони Саудӣ) ба дигар ҳалиқиятҳо, ки дини исломро қабул намудаанд, ҳангоми сукунати 100 солаҳо дар ин кишвар шаҳрванӣ, манзили зисти доимӣ ва бастани ақди никоҳро бо дигар миллатҳо манъ намудаанд. Аз ин бар меояд, ки араб низ ибораи «аввал араб баъд мусулмон»-ро пеша намудааст. Яке аз сабабҳои шикасти давлати миллии тоҷикон Сомониён ва зиёда аз 1000 (ҳазор) сол дар зери итоати бегонаҳо азият кашидани мардуми тоҷик низ фирефта шудан ва ба руҳониёни беҳувият гуш додани онҳо буд. Ин воқеъа дар китоби «Тоҷикон»-и қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров (чопи соли 2020, саҳифаҳои 388-389) бо такя ба сарчашмаи муътамад чунин дарҷ шудааст. Вақте, ки лашкари Қарахониёни турк ба Бухоро сар даровард, хатибони Сомонӣ ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекунанд. Мардум инро шунида ба назди фуққаҳои исломӣ рафта хоҳиш менамоянд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан ба онҳо фатво диҳанд, лекин онон ҷангиданро манъ карда гуфтанд: «Агар карахониён бо Сомониён дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд, чун ҳоло байи онҳо дар талоши неъмати дунё задухурд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст. Тариқи зиндагии Қарахониёни турк хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст, бинобар ин беҳтар аст, ки аз ҳама гунна мудохила худдори кард». Ин буд, ки миллати тоҷикро аз дами теғ гӯзаронида давлати абарқудрати тоҷиконро соҳиб гашт яке аз сабабҳои асосии ҳокимиятро ғасб кардани Қарахониёни турк ва фирору таназули Сомониёни тоҷик анна ҳамин буд. Айнан ҳамин сенария дар солҳои 90-уми асри 20 бо каме тағйироту навовариҳои мудҳиштар аз тарафи саркардагони ҲНИ такрор ёфт. Нуқтаи назари дигар ва асосие, ки мехоҳам баён созам, дар раванди чунин ҳодисаҳои фоҷиаовар ва бисёр вазнини барои мардуми Тоҷикистон, роҳбарони дар Аврупо қарор доштаи созмонҳои террористӣ-экстремистии ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон», «Гуруҳи 24 ва «Ҳизби наҳзати исломӣ» вобаста ба задухурди мусаллаҳонаи наздимарзии Қирғизистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 18.09.2022с. «Баёнияи Паймони миллии Тоҷикистон оид ба вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон»-ро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд. Мӯҳтавои баёнияҳои ин хоинони миллат бар зидди арзишҳои давлатдории миллӣ, паст задани шаъну нуфузи таърихии миллати тоҷик равона гардида, онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҷониби Тоҷикистонро бадном карда, ҳамзамон ҳифз ва пуштибонӣ аз мавқеъи таҷовузгарони қирғиз кардаанд. Бо чунин роҳ, роҳбарони «Паймони миллӣ» – хоинони миллат тасмим гирифтаанд, таваҷҷӯҳи аҳолӣ ва бедории ҷавононро ба худ ҷалб намуда, бо ин усул мехоҳанд сафи ҳаводорон ва ҷонибдорони худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ, алалхусус муҳоҷирони тоҷик зиёд намоянд. Дар тулии таърих ба халқи тоҷик 5 маротиба (ҳамагӣ 1014 сол) муяссар гардид, ки мустақилан давлатдорӣ намояд: -Ҳахомонишиҳо (705-330 пеш аз милод), 375 сол; -Сосониҳо (224-653), 427 сол; -Сомониён (875-999), 124 сол; -Ғуриҳо (1148-1206), 68 сол сол; -Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991 то ин ҷониб) Акнун ҳамаи моро зарур аст, ки дар гирди ин давлати тозабунёди миллати тоҷик ва сарвари бохиради худ мутаҳид шуда, ба хотири гузаштагон, ояндаи фарзандон дусту аҳлона зиндаги намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Related Articles
Ҷавононро гумроҳӣ ба ифротгароӣ мебарад
Аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир, вақте мегӯем, “ҷомеа”, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст. Гуфта мешавад, имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва […]
Хоинони миллати тоҷик ҳамчун “мурдаҳои сиёсӣ”.
Хоинони миллати тоҷик ҳамчун “мурдаҳои сиёсӣ”. Чи хеле, ки мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳи доред, имрӯз дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин васила терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта […]
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ мерасонад, ки воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Аз ҷумла, дар муроҷиати маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии […]