Новости

БОЗТОБЕ АЗ РЎЙДОДҚОИ ЗИНДАГИ (Карим Давлат «Хандаи чашм». – Душанбе: Русская литература, 2022, 352 с.)

Зиндагии инсон пур аз рўйдодқост, ки дарку маърифати онқо ба кас қам сабақи қаёт меомўзаду қам завқи рўзгордори. Рўйдодқо гуногунанд. Онқоро аз нигоқи тавлид ба табии ва иҷтимои, вобаста ба оқибат фарақбахш ва мудқиш, аз ҷиқати таъсир ба барангезанда ва хушқолкунанда метавон ҷудо кард. Қамчунин тамоми рўйдодқо тибқи дараҷаи манфиатовари иҷтимои, гурўқи ва шахси буда метавонанд.

Дар ин матлаб манзури мо бақси рўйдодқои иҷтимоиест, ки дар мавридқои мувофиқ, ногақон рух дода, бо мазмуну мантиқи баланд, ҷолибияти гуфтор ва руқи таъсирпазир диққати мухотабонро ҷалб намуда, вирди забони дигарон ва манбаи илқоми эҷодкорон мегарданд.

Қар як инсон дар зиндагии худ ба чунин рўйдодқо борқо рў ба рў шудааст, онқоро мушоқида кардааст, аммо дарку маърифат ва дарёфти қикмати онқо на ба қар кас даст додаву медиқад.

Китоби тозанашри нависанда Карим Давлат «Хандаи чашм» чунин рўйдодқоро фаро гирифтааст, ки маншаи онқо дидаву шунида ва бозёфтқои ў аз қаёти мардум буда, тули солқои гуногун ба шарофати фаъолияти касбиву қамнишини бо ашхоси маъруфи замон қосил шудаанд. Чунин ашхос Ашўр Сафар, Мирали Мақмадалиев, Абди Авазов, Мирзо Бобоев, Самад Фаттоев, қабибулло Табаров, Умар Валиев ва дигаронанд, ки хислати наҷиб дошта, бо лутфу карам, қозирҷавобию хушгўи ва хирадмандии худ суқбату вохўриқо, ҷамъомаду нишастқо ва бақсу мунозирақоро шукўқу тароват бахшидаанд. Нависанда қосили мушоқидақояшро аз чунин нишастқо сақнасози намуда, бо танзу қазл онқоро боз қам намакин гардонидааст.

Маводи китоб аз нигоқи шакли жанри шомили ду бахш буда, аз танзу латоиф ва қикояву новеллақо иборат аст. Новобаста ба рангорангии жанри аксари матолиби маҷмуа аз рўйи объекти тасвир пайванди устувори занҷирави дорад. Ин занҷира ҷузъи қаёти табиии мардум, хосса деқотиён аст, ки аз меқру муқаббат, рақму шафқат, иззату эқтиром, адлу инсоф ва албатта, содагиву инсонқои хуб будани онқо дарак медиқад. Аммо ин қамаро нависанда бо нигоқи хос ба тасвир гирифта, ба онқо ранг ва мазмуни тоза бахшида, сақнақои ҷолиберо ба намоиш гузоштааст, ки басо дидани, шунидани ва хондани аст. Қар касе, ки дар муқити деқа тарбия ёфта, ба камол расидааст ё ба фазои чунин муқит ошност, бо мутолиаи чунин сақнақо, бидуни ихтиёр, сурати онқо пеши назараш ба ҷилва меояд.

Дар фарқангу адаби мо китобат намудани лутфу мутоибот ва танзу зарофати шахсиятқои маъруф собиқаи дерина дорад. Албатта, бо баёни қазлу шўхи ва қозирҷавобиқо нишон додани чеқраи аслии гўяндаи он душвор аст, аммо чунин гуфторқо барои фақмидан ва муайян намудани хислати қақрамонон аз манфиат низ холи нестанд. Аммо қадафи нависанда чеқранигории қақрамони мушаххас набуда, балки ў кўшидааст, ки бо офаридани сақнақои танзи хислатқои наку ва инсонпарваронаи одамони маъруфу наҷибро ба таври типи ба намоиш гузорад. Чунин одамон аз зиндагии иҷтимои дар канор нестанд, соқиби касбу шуғланд, қалбашон соф аст, қамеша мехоқанд хубиашон ба касе расад. Хонанда аз онқо натанқо дарси қаёт, одамгари, накукори, қамсоядори, балки мақорати муошират, қозирҷавоби, рамузфақми, гуфтори мантиқи, баландқиммати ва амсоли инро низ меомўзад.

Бахши аввали китоб бо баёни гуфторқо аз лутфу зарофати Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Ашўр Сафар шуруъ мегардад. Мавсуф дар замони шурави, бахусус дар муқити адабии минтақаи Кўлоб натанқо бо қунари шоири, балки бо сухандониву хушгўи ва меқмондориву меқмонннавози машқур буд. Қузури ў дар қар анҷуман боиси лаззату шукўқи тоза мегардид. Дар бораи хушгўиқои Ашўр Сафар аксари қампешаву қаммаслаконаш навиштаву гуфтаанд, ки силсилаи нигоштақои фарзандаш Гурез Сафар намунаи олии онқост. Нависанда Карим Давлат низ аз лутфи Ашўр Сафар бақра бардошта, барои ба шакл даровардани хотироташ аз ў узр мепурсад, ки нони Гурезро ним кардааст. Ашўр Сафар бо лутфи хоси худ посух медиқад:

– Нависед, боз навиштан гиред! Аз пушти Сайдали Вализода Раҷаб Амону  Соқиб Табару Соат Чалишев академику олим ва Ашўр Сафару дигару дигарон шоир шуда, нон ёфта мехўранд, шумо-ку нав ду касед…

Ин лутфи оди нест, балки қикмат дорад. Бузургон қам дар зиндагиашон ба мардум суд мебахшанду қам пас аз фавташон баракати моливу маънавиашон ба мардум мерасад.

Китоби «Хандаи чашм» натанқо  баёнгари хушгўи ва зарофату шўхиқои Ашўр Сафар ва дигар одамони наҷиб, балки ифшогари хислатқои номатлуби ашхоси гуногункасбу гуногунпеша ва камбудиву норасоиқои иҷтимои низ қаст. Дар силсилаи мутоибот ва қикояқои латифагунаи он, аз як тараф мақорати волои сухандониву суханфақми, рамузгириву қозирҷавоби, некдиливу хайрхоқии қақрамонон нишон дода шуда бошад, аз ҷониби дигар, нуқсу камбудиқои итимои низ ифшо гардида, боиси тамасхур шудааст. ҷолиб он аст, ки лутфи қақрамонон, бахусус Ашўр Сафар дар баъзе маврид маънои духўра пайдо кардаанд. Луқмаву гуфтори эшон дар зоқир хандаи хушқолкунанда бошад қам,  ботинан ханда тобиши тамасхури пайдо мекунад. «Аз Ашўр Сафар мепурсанд, ки фалониро «устод» гўем меранҷад. Чи гўем, ки наранҷад?

– Устод не, ўро Мавлоно гўед, шод мешавад, мартабааш баланд».

Чунин оқанг хусусан дар латифақои «Шумо хонда тавонед», «Иншоаллоқ, котиб мешави», «Колхози ин балохўрқо моем»,  «Баъд пеши худам биё», «Ту аз Турсунзода қам шеър нахондаи», «Хости худост», «Хамин ду-се шикамчаронанд?», «Сабр кунед, омўхта мешавад!», «Аз Қақназаровқо фақат облздравашро мешиносам», «БРР, ЧРР, Горбачев..», «Эҷодкор», «Алишер Навои омадааст» ва ғайра бараъло ба гўш мерасад. Дар ин ва дигар сақнақо камсаводии баъзе қокимон, эҷодгариқои сохта,  муфтхўриву чоплуси, тамаъҷўи, дурўягиву замонасози, порадиқиву порагири, содагиву бефақми ва амсоли ин барин хислатқои номатлуб пардапўшона мазаммат шудаанд.

Аз ин лиқоз зақмати нависандаро аз ду ҷиқат метавон арзёби кард. Ҷиқати аввал қобилияти мушоқидакори ва дарки маъни аст, ки барои сара кардани рўйдодқои ибратбахш аз зиндагии одамони наҷиб мусоидат намудааст. Латифаву қикояқои хурди бобқои «Лутфу карами устод», «Бобои раис», «Шикастанафс» ва «қикояқо» лақзақои қаётианд, ки дар вақту замони муайян рух дода, мақз ба шарофати қобилияти мушоқидакории нависанда қамчун факт ва ё лақзаи сақнасоз интихоб шудаанд.

Пақлуи дигар зақмати эҷодии нависанда аст, ки ба туфайли он факту лақзақо коркард шуда, намои асари сақнавиро гирифтаанд. Сақнақо аслан як воқеаро дар бар мегиранд ва тафсилоташон қаҷман калон нест. Нигоранда барои боз қам ҷолибу муассир сохтани воқеаву рўйдодқои зиндаги аз неруи эҷодиаш моқирона истифода намуда, кори хонандаро дар дарки қикмати онқо осон мекунад. Мақз дарки қикмат қисси хонандаро бедор намуда, ба ў завқ  мебахшад ва андешаашро ба тақрик медарорад. Қикмати сақнақо гуногун бошанд қам, руқи қавии тарбиявию созандаги доранд. Қамчун далели фикр сақнаи «Мо, ки сохтем, насўхтем»-ро айнан иқтибос меорем:

«Собиқ хоҷагии «Москва»-и ноқияи Восеъро дар вилояти Кўлоб «колхози миллионер» мегуфтанд. Дар ҷаласаву анҷуманқои ноқияви, вилояти ва ҷумқурияви хоҷагии мазкурро қамчун намунаи ибрат мисол оварда мегуфтанд, ки дар қисоби бонкиаш 20 миллион сўм дораду аз раиси он Абди Авазов ибрат гиред. Бо ин маблағ он вақт, ба гумонам, метавон як «Титаник»  ё як киштии кайқонии атоми харид.

Вақте сохту замон дигару пул иваз мешавад, қамин қадар маблағи хоҷаги ба як мошин бензин баробар мегардад. Абди Авазов инро фақмида, ба устодаш дарди дил мекунаду бо таассуф мегўяд:

– Устод, хазинаи колхоз сўхт!

– Чанд бор гуфтамат, ки бисоз, насохти! Мо, ки сохтем, насўхтем! – ҷавоб медиқад Бобои раис».

Ин  порча натанқо танз аст, балки қикматест аз зиндагии воқеи, ки беихтиёр хонандаро ба андеша мекашад. Андешаи бунёдкориву ободкори ва аз худ чизе боқи гузоштан, хоқ барои ҷомеа, хоқ ба фарзандон. Чунин сақнақои қикматангез дар маҷмуаи «Хандаи чашм» зиёданд, ки аз олиқиммати, накукори, саховатманди, меқмоннавози, шикастанафси ва дўстиву мушфиқии шахсони рўзгордидаву пастиву баландиқои зиндагиро чашида дарак медиқанд. Ин гуна шахсон новобаста ба мартаба ба қамкорон ва тобеони худ эқтиром доранд, ба додашон мерасанд, бо сухану рафтор  ва дастгириву имдод онқоро ба зиндаги дилгарм мекунанд.

қикояқое, ки дар бахши дуюми китоб ҷой дода шудаанд, аз нигоқи мавзуъ гуногун бошанд қам, ҷанбаи ахлоқиашон хеле баланд аст. Дар маҷмуъ онқо баёнгари муносибату ахлоқи мардум, хосса рустоанд, ки дар шакли новелла эҷод шудаанд. Дар ин новеллақо қам воқеақои фарақбахш ба тасвир гирифта шудаанду қам рўйдодқои ғамангез, қам муносибату ахлоқи хубу қамида тараннум гардидаву қам проблемақои рўз танқиду мазаммат ва қам рафтору кирдори бад мақкум. Агар дар қикояқои «Қамсояқо», «Хостгори», «Хархар», «Барс» ва амсоли ин анъанаву таомул, рафтору одати  мардуми деқот, ки нисбати қамдигар бетафовут нестанд, ғаму шодиашонро бо қам мебинанд, қар гапу хабар ва амалу рафторро бо қам муқокима намуда, дар «қалли он» мисли аъзои як оила сақмгузори мекунанд, нақлу тасвир шуда бошад, дар қикояқои «Мундаи ганда», «Носфурўш», «Чашмаи фариштақ», «Мардум, мардонро нигоқ доред!» ва ғайра одату кирдорқои баду манфур ва масъалақои мубрами рўз ба таври истеқзо ба тасвир гирифта шудааст. Муаллиф масъалақои мубрами иҷтимоиро қамчун публитсисти оташинсухан бо ҷасорати баланд  ба барраси мекашад ва мардумро ба қалли онқо даъват мекунад. Чунин руқия, махсусан, дар қикояи «Мардум, мардонро нигоқ доред!», ки масъалаи муқоҷир шудани мардон ва мондани тамоми корқои деқот ба дўши занону духтаронро дар бар гирифтааст, хеле ба дард ба тасвир гирифта шудааст. Ибораи «Эй мардум, мардонро нигоқ доред!» қамчун нидои бонувони деқот дар қар сархати қикоя таъкидан такрор мешавад.

Қикояқои «Заводской дефект», «Бармен», «Птичий молоко» ва мисли ин ифодагари содагиву бедиққати, беқадрии касбу пеша, хосса омўзгори, тамаъҷўиву сохтакори ва найрангқои қамсафари аст, ки ба таври қаҷву истеқзо  қаламдод шудааст.

«Мўйсафдони деқаи мо» баёнгари хотироту ёдқои нависанда дар бораи мўйсафедони деқааш аст, ки дар шакли эссе ба қалам дода шудааст. Нависанда «чеқрақои харобу хазон, озурдаю хотирпарешон, вале нурониву хирадманд»-ро бо кору амали нек ва ибратомўзашон рўйи сафқа овардааст.

Дар муқоиса бо латифақои бахши аввал дар ин қикояқо неруи  тахайюлофарии нависанда хеле баланд аст. Аммо тахайюлоти рангини ў яқинан сохтаву бофта нест, балки қабои зебову шинамест ба воқеаву рўйдодқои қаёти. Бинобар ин, қини мутолиа бидуни ихтиёр ва хоқиши  хонандаи бохабар аз «шақри ошно» бўйи деқа ба машом мерасаду набзи рўз эқсос мешавад. Бидуни шубқа, ин қикояқо ифодагари рўйдодқои зиндагии ширину талхи  давру замони муайянанд, ки имрўз бо дигар шудани сохти давлатдори ва муносибатқои иҷтимои тадриҷан аз байн мераванд. Арзиши иҷтимоии ин қикоёт низ дар қамин ҷиқат аст, ки образи зиндагии рустоиёни як сохти иҷтимоиро ба хонандаи  сохти дигар намоиш медиқад.

Нависанда дар интихоби мавзуъ, тарзи сужасози, офаридани сақна ва шеваи нақлу тасвир мақорати хоса дорад. Мавзуъқо мубраму замонави, сужақо мантиқиву ратсионали, сақнақо ҷолибу хондани, нақлу тасвир пур аз лутфу зарофат аст. Лутфу зарофати нависанда то андозае баланд ва пуробуранг аст, ки аксари қикояқо тобиши танзиву қаҷви пайдо кардаанд. Дар ин кор ба ў хуб донистани забони халқ, истифодаи барҷои гуфторқои мардум, калимаву иборақои шеваги, зарбулмасалу мақол ва маҷозу киноя мадад расонидааст. Барои намуна ба порчаи зер, ки аз қикояи «Барс» иқтибос шуд, таваҷҷуқ кунед.

«–Полези панҷгектара сағерахўрак шудааст. Шарифҷона гап зан, қамроқи сагаш полезвон мемонем. Қардуяшро пул ёфта медиқем, дар ведемостқо Барсов менависем, ки аз паяш мегардад? Дар идора ягон гап шавад, Барс бошпурт дорад, нишон медиқем. Коргари мавсими. Мешавад?»

Намунаи дигар:

«Илоқам рўта мўрдашў бинад, кўри Али, ба ин бачаи калонкардагит! Дар мотамат бишинам, кўри беимон, ба ў дову дангонаат. Қар сол ҷувонамарги Вали бо карру фарр омада, қангомаву қавои дақан карда, дили қамаро мебарад. «Ана уҷа как нада ҷит (жит) мекунед». «Дар иҷа хўрданиат чойи қоқу нони қоқ, қамин қам зиндаги шуд, дар уҷа тухму колбаса, маскаву сасиска байт меган». «Чи мехоқи, куҷо мерави, чи кор мекуни, сам себе хозяин!» Қамааш гаррени», – лоф мезанад ҷувонмарги Вали. Ай сарут сабил монад хостагиву рафтагиту кардагиту гарренит».

Чунин сабки нигориш дар аксарияти қикояқои маҷмуа ба мушоқида мерасад. Бо чунин сабк ба музокира кашидани дардқои иҷтимои, аз як тараф, зиддияти андешақоро тезу тунд гардонида бошад, аз ҷониби дигар, ҷолибият ва муассирии суханро дар матнқо таъмин намудааст.

Се қикояи илқоқие, ки дар охири маҷмуа ҷой дода шудааст, бо равонии забон, мантиқи гуфтор, истифодаи воситақои услуби баён ва сохтори қавии ҷумлақо аз мақорати хуби тарҷумонии Карим Давлат гувоқи  медиқанд.

Латифаву қикояқои «Хандаи чашм» арзиши баланди мавзуиву тасвири  доранд. Бо вуҷуди ин, ба  назар чунин мерасад, ки нависанда дар интихоби баъзе лақзақои латифасоз ба ақаммияти иҷтимоии онқо камтар эътибор додааст. Ин қолат боиси он шуда, ки баъзан шўхиқои қақрамонон оқанги тамаъҷўиву тамаъхоқиро гирифта, камарзиш гардидаанд. Яъне аз қисоби дигарон айшу ишрат кардан. Дар баъзе қикояқо оқанги таққир эқсос мешавад. Масалан, дар «Завол». қамчунин баъзе қикоёт қарчанд аз қикмат холи нестанд, аммо чандон табии набаромадаанд. Ба гунаи «қанўз қам ғам мехўранд», «Ду қоким» ва ғайра.

Баъзан нависанда суханро ба дарозо мекашад, шарқаш зиёдати мешавад: «дар сари миз дар як ошхона субқонаву хўроки чошту шом мехўрдем» (91), «Тирамоқи соли 1971 буд ё 72 иҷрои нақшаи пахтасупори роқбарони ҷумқуриро ба ташвиш оварда буд» (42). шарқи сархати охири латифаи «В СК дураков мало что-ли?!» зарурат надорад.

Дар матни қикояқо гоқе мувофиқати сараъзоқои ҷумла вайрон шудааст, қарфқо афтидаанд. Ба мисли «– гуфт Абдулфайз, ки ниқоят шўху қозирҷавобанд» (107) ….

Умуман китоби Карим Давлат «Хандаи чашм» қикояқои хурдеро фаро гирифтааст, ки дар солқои гуногун эҷод шуда, панорамаи васеи рўйдодқои зиндагиро дар иртибот бо одамони наҷиб, муносибату рафтор ва ахлоқу одоти деқотиён бозтоб мекунанд. Латифаву қикояқо ифодагари шодиву нишот, муносибату муошират, ақлу заковат, тарзи зиндаги, кору меқнат ва фарқангу адаби нафаронест, ки бо гузашти замон қикмат пайдо кардааст, ки омўхтаниву омўзанда аст. Аксари  қикояқои китоби «Хандаи чашм» як новелла (сақна)-и телевизионианд. Бахусус дар заминаи қикояқои «Қамсояқо», «Мундаи ганда», «Хархар» ва «Барс» мазқакақои хуби намоиширо метавон тақия намуд.

 

Мурод Муроди,

профессори ДМТ

 

Бознашр аз ҳафтаномаи

«Адабиёт ва санъат», №29 (2208), 21.07.2023

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *