Новости

Ҷавононро мебояд аз мақсаду ҳадафҳои гурӯҳҳои терроористию экстремистӣ пурра огоҳ бошанд

 

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд.

Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Дар давроне, ки мо истиқлолияти комил ба даст овардем душманони миллат ҳасад бурданд ва кушиш намуданд, ки мо ҳамчун миллати ягона соҳибистиқлол набошем. Аз ин рӯ фиребу дасиса, найрангу ҳиллаҳои худро ба кор бурда, дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандиро шуълавар сохтанд, ки алангаи он боиси харобиҳо, вайронкориҳо, қурбон гардидани ҷони садҳо ва ҳазорҳо нафар ҷавонони миллати тоҷик гардид.

Садҳо хонаву манзилро вайрон карда, ҳазорон кӯдаконро аз падар маҳрум сохт, занонро бе шавҳар ва оилаҳоро бесарпаноҳ намуд. Ин фаъолияти гурӯҳҳои фитнаҷӯ, ифротгару манфиатхоҳ буд, ки мехостанд бо ин амали хиёнаткоронаашон миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн баранд. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз фиребу найрангҳои шағолони лошахур ва рубоҳҳони маккор эҳтиёт бошем.

Вазифаи мо, аҳли ҷамотчигӣ, роҳбарону кормандон  ин аст, ки пайваста суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ монда, дар деҳаву маҳаллаҳо,  муассисаҳои таълимӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯриҳо гузаронида, мақсаду ҳадафҳои гурӯҳхои теророристиву экстремистиро пурра шарҳ дода, ҷавононро огоҳ созем, то аз найрангу фиреби гуруҳҳои террористию экстремистӣ худро канор бигиранд.

Падару модарон вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надода, саҳми муносиби худро гузоранд. Фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, мунтазам зери назоратьи падару модар бошанд ва пайваста тариқи телефон аз ҳолу аҳвол, фаъолияти кориашон бохабар бошанд. Сабаб ин аст, ки аксарияти вақт сайди чунин гурӯҳҳои хиёнаткору иғвоангез муҳоҷирони меҳнатӣ мегарданд.  Барои муҳоҷир дарёфт кардани маблағ зарур асту халос. Гурӯҳҳои ифротгар бошанд, пайти муносиб ҷуста чунин ҷавононро ба гуруҳҳои худ шомил мегардонанд ва барзиди давлату ҳукуммат, оромиву осоиштагӣ истифода менамоянд.

Аз ин рӯ зарур аст, ки ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар раҳнамун созем, то дар муҳоҷират фирефтаи гуруҳхои хиёнаткор нагарданд.

Дар истифода аз шабакаҳои интернет низ эҳтиёткор бошанд ва шабакаҳои интернетро манфиатовар истифода баранд.  Гуруҳҳои террористӣ бештари вақт  тариқи шабакаҳои интернет сайди худро пайдо намуда, ҷавонони ноогоҳро шомил ба гурӯҳҳои худ мегардонанд.

Муродов Раҳмоналӣ.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии  МИҲД ноҳияи Ховалинг

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *