Хабарҳо

“Рӯзи кормандони нозироти андоз”

Рӯзи кормандони нозироти андоз”

Мусаллам аст, ки таи соҳибистиқлолии мамлакати азизамон, аниқтараш 24 сол қабл то инҷониб ҳамасола 4-уми май “Рӯзи кормандони нозироти андоз” маҳсуб ёфта дар тамоми қаламрави кишвар ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бахшида ба ин рӯз дар маҷлисгоҳи ҳукумат як ҳамоиши назаррас ба миён гузошт. Дар ин нишаст аҳли кормандони нозироти андоз ва мутахассисони ин умур дар ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия, намояндагони ВАО, ва дигарон ширкат намуданд.

Ҳамоишро раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам оғоз намуда, кули намояндагони соҳаро ба рӯзи касбияшон табрику таҳният гуфт. Кормандони нозироти андози ноҳия дар ин санаи фархунда аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо як электросикл ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Роҳбари нозироти андоз дар ноҳия Ҳотамшо Ғаниев дар фароварди ҳамоиш ваъда дод, ки тамоми қонуншиканӣ, яъне саркашӣ аз андозро пешгирӣ намуда, пардохти андозро дар ҳолати беҳтар ба роҳ мемонад ва кӯшиш менамояд то сарчашмаҳои нави андозбандиро пайдо кунад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *