Хабарҳо

МУСОБИҚАҲОАИ ГӮШТИН ВА АСПДАВОНӢ ДАР ХОВАЛИНГ

Санаи 26-уми майи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Хуҷахалили Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштини миллӣ, ки сатҳи байналмилалӣ дошт, баргузор гардид. Пеш аз оғози мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амурдин суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии футбол […]

Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ НАБИЗОДА Ф.А. БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАВОНОН»

Ҳозирини гиромӣ, ҷавонон ва созандагони фардои ҷомеа! Пеш аз ибрози ақидаҳоям Шумо-ҷавонони азизро ба «Рӯзи Ҷавонон» самимона муборакбод гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд, хираду дониши азалӣ ва фатҳи волотарин қуллаҳои зиндагиро таманно дорам.                                           Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сӯҳбату суханрониҳо бо намояндагони ҷавонони кишвар муроҷиат […]

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ ҶАВОНОН – ҒОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ!

    Бегоҳии санаи 23 майи соли равон, дар мавзеи таърихии Чилчанори ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амурдин, муовинон, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва доираи васеи ҷавонон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда шуд. Дар даромадгоҳи мавзеи таърихии […]

Хабарҳо

НОМГӮИ САВОЛҲО ҶИҲАТИ ИСТИФОДА ҲАНГОМИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲО БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.Саволҳо оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 Маълумоти умумӣ дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қабул, ворид намудани таѓийру иловаҳо, таркиби Конститутсия). 2 Аркони (унсурҳои) давлатдории Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шаванд. 3 Дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шавад (боби якуми Конститутсия). 4 Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ […]

Хабарҳо

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

  Дастгоҳи раиси ноҳия Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 871, 50 сомонӣ; Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер. Воҳидҳои […]

Хабарҳо

ТАҚДИМИ ДУЧАРХАҲО БА ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

Дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амурдин ба хотири осон гардидани кори паҳнкунандагони рӯзномаву маҷаллаҳо, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ба ҳар як хаткашони  Ҷамоат яктогӣ дучарха тақдим гардид. Ёдовар мешавем, ки минбаъд бо ёрии ин дучархаҳо хаткашон метавонанд рӯзномаву маҷаллаҳоро ба шаҳрвандон дар ҳудуди ҷамоатҳо сари вақт бурда […]

Хабарҳо

ТАШРИФИ ҶАВОНОН БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГИ БОСТОНӢ

    Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд. Бо ин мақсад рӯзҳои 16-17-уми майи соли ҷорӣ як зумра ҷавонони фаъол аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, МКБ, Суғд, Рашт, ноҳияҳои тобеи кишвар ва аз дигар  кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя […]

Хабарҳо

КОРНАМОИЮ ҶОНБОЗИҲО ВА ҚАҲРАМОНИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандҳои баруманди миллат, дар роҳи ҳифзи Ватан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар амал татбиқ мегардад. Дар ҳошияи ин тадбирҳо  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Ф.А. […]

Хабарҳо

КӮМАКИ МОДДӢ БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ДАЛЕРУ ДИЛОВАРИ ВАТАН ДАР АРАФИ ИДИ ҒАЛАБА

Ҳафтаи сипаригардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухидин Амурдин ва дигар масъулини ҳукумати ноҳия ба Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и қисми ҳарбии 0308 ва Дидбонгоҳи 2-юми «25 Қаҳрамон»-и  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  ташриф оварданд. Аснои шиносоӣ муҳтарам Набизода Фаррухидин Амурдин  бо сарбозони қисмҳои  низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон […]

Аксҳо Аҳолӣ Барномаҳои давлатӣ Бахшу шуъбаҳо Нақшаҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Аъзоёни Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ аз таърихи ҷашни Наврӯз бархурдор гардиданд.

Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар кори Шӯро Раиси Кумитаи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ Рудобаи Мукаррам ва дигар намояндагони ӯ ширкат доштанд Ҳамчунин дар кори  Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо […]