Варзиш Хабарҳо

Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд

  Дар ноҳияи Ховалинг аз саннаи  11 декабри соли 2023   мусобиқаи Ҷоми раиси ноҳия оид ба футболи хурд байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳо оғоз гардид. Ин бозиҳо дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия бо иштироки 12 даста гузаронида шуда, он то 15-уми  декабри соли 2023 идома ёфт. Даври ниҳоии  бозӣ байни дастаҳои “Кумитаи Замин” […]

Варзиш Хабарҳо

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон  Рузи 12 ноябр, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар маросими ҷоисасупории ба қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Хатлон иттилоъ доданд, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионати имсола маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 […]

Варзиш Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дастаи мунтахаби футболбозони мамлакат дастаи мунтахаби Муғулистонро дар сафар мағлуб намуд Тавре хабар доданд,  дар  шаҳри Улан Батори Муғулистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд. Ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби 1:0 бар нафъи  футболбозони  тоҷик хотима ёфт.  Ягона […]

Варзиш Хабарҳо

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди  варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба […]

Варзиш Хабарҳо

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз Бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз санаи 16-уми марти соли равон аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишии «Дави Наврӯзӣ ва марафони дучархаронӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии варзишию сиёсӣ ҳама коллективҳои меҳнатӣ, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ва дигар сокинон ширкат намуданд. Мусобиқа дар 7 […]