Хабарҳо
ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ДЕҲАИ ЧЕПИВОЛИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶОМБАХТ
Имрӯз тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амрудин ва дигар аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаи мазкур мулоқот баргузор гардид. Дар рафти он Набизода Фаррухиддин ва аъзоҳои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти […]
ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН АМРУДИН БО СОҲИБКОРОН ВА СОКИНОНИ ДЕҲАИ НАВОБОД
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ноҳияи Ховалинг сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назар дошта шуда, ҳамзамон роҳи деҳаи мазкур низ аз таъмир бароварда мешавад.
ТАЧЛИЛИ РУЗИ МАЪЮБОН ДАР НОХИЯИ ХОВАЛИНГ
Аз соли 2004 инҷониб ҳар сол 8 июл дар саросари кишвар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. ки ҳамасола дар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон бо ибтикори Макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар Маркази, тавонбахшии рўзонаи “Ғунча” чорабиниҳои идона баргузор мегардад. Имрўз 8 июл бо иштироки муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат, сардухтури беморхонаи марказӣ, […]
ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНИ ФУРУДГОҲИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Санаи 5 июли соли 2025 бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия дар минтақаи вобасташуда шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегии мазкур корҳои ободонӣ, ба мисоли тоза намудани атрофи роҳу майдони фурудгоҳ аз алафҳои хушкшуда, ҷӯю заҳбурҳо ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд.
ҚАБУЛИ ОМӮЗГОРОН БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИ ХУСУСИИ “ГИМНАЗИЯИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ” ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Илму дониш сарвати бебаҳо барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Мардуми тоҷику – форс аз замонҳои пеш дорои маданият, фарҳанг ва илму донише буда, то кунун ин рисолати худро нигоҳдоштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати […]
ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИХАЛҚИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
Рӯзи 28-уми июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ноҳияи Ховалинг, Рауфзода Саймумин Тоҷиддин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, даъвати ҳафтум доир гардид. Дар кори иҷлосия, раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мушовири маркази таълимӣ- методӣ оид […]